Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: Мақомоти Қирғизистон фишорро ба Kloop бас кунанд


Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) ба талаби Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон вокуниш кард. Вазорат талаб дорад, ки сомонаи Kloop.kg як гузоришро пок кунад.

Дар гузориши Kloop.kg номи Оҷонси рушд ва сармоягузории иҷтимоъ ва роҳбари дастгоҳи президент Дайирбек Орунбеков зикр шудааст.

Дар созмони ҳимоят аз рӯзноманигорон гуфтанд, талоши ҷорӣ кардани сензура нисбат ба Kloop.kg "ҳазён" ва "баҳснок" будани қонунро дар бораи иттилои нодуруст нишон медиҳад.

Сомонаи Kloop.kg рӯзи 1-уми феврал аз вазорати фарҳанги Қирғизистон ду мактуб гирифт, ки дар онҳо талаб шудааст, гузориш дар бораи оҷонси сармоягузории иҷтимоъ ва роҳбари дастгоҳи президент Дайирбек Орунбеков пок карда шавад.

Kloop.kg гузоришеро таҳти номи "Дар оҷонси сармоягузорӣ гарон будани иншооти ҷамъиятиеро рад карданд, ки пештар дар бораи он роҳбари дастгоҳ хабар дода буд", нашр кард. Акнун мақомоти Қирғизистон талаб доранд, ки ин сарлавҳа иваз ва ё гузориш пок карда шавад. Дар Kloop.kg гуфтанд, ин корро нахоҳанд кард.

Мақомоти Қирғизистон тирамоҳи соли 2022 аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ талаб карданд, ки гузориши марбут ба низои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро аз сомона пок кунад. Радиои Озодӣ ин корро накард ва вазорати фарҳанги он кишвар ба додгоҳ шикоят бурд. Дар натиҷа дастрасӣ ба сомона ва суратҳисоби бонкии радио маҳдуд шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG