Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан манъ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки пойтахтро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад, муваққатан манъ шудааст.

IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз), маcъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ, рӯзи дувуми феврал гуфт, тасмим дар пайи фаромадани тарма гирифта шуд.

Бино ба эъломияи ширкат, шоми 1-уми феврал "дар километрҳои аз 52 то 73-юм" 45 тармаи хурду бузург фаромад.

Масъулони ширкат гуфтаанд, барои тоза кардани роҳ аз тарма кор оғоз шуд, вале замони кушодани роҳ маълум нест. Аз ронандаҳо хоста шудааст, дар ин шабу рӯз бо омодагии ҷиддӣ ба роҳ бароянд.

Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки то 4-уми феврали имсол ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма дар гӯшаҳои кишвар боқист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG