Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти блогере, ки дар Узбекистон истеъфои раиси Сенатро хост


Элмурод Одил бо талаби истеъфои Танзила Норбоева
Элмурод Одил бо талаби истеъфои Танзила Норбоева

Блогери узбекистонӣ Элмурод Одиловро рӯзи 31-уми январ боздошт ва 15 рӯз ҳабси маъмурӣ карданд. Бино ба иттилои додгоҳ, Одилов рӯзи 30-юми январ аз норасоии неруи барқ дар беморхонаи ноҳияи Яккабағ хабар дода буд. Маъмурияти беморхона аз блогер хост, ки ин масъаларо инъикос накунад. Баъди нашри наворҳо аз беморхона, маъмурияти он ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Ҳафтаи гузашта Элмурод Одилов раиси сенат ё табақаи болоии порлумони Узбекистон Танзила Норбоеваро дар буҳрони энержӣ дар он кишвар айбдор ва истъфои ӯро талаб карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG