Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дар якуним сол 200 миллион долларро қонунӣ кардаанд


Сокинони Тоҷикистон дар тӯли камтар аз якуним сол бештар аз 200 миллион долларро қонунӣ кардаанд. Ин кор пас аз қабули як санади пурсарусадо дар бораи қонунӣ кардани пулу сарвати пинҳонӣ сурат гирифт.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, бо ифшои ин омор ба нашрияи “Садои мардум” гуфтааст, аз 30-юми августи соли 2021 то 31-уми декабри соли 2022-юм 2 миллиарду 335,4 миллион сомонӣ қонунӣ гардонда шуд.

Ҳоким Холиқзода
Ҳоким Холиқзода

Нашрия, ки минбари расмии порлумони Тоҷикистон аст, навиштааст: “Маълум гардид, ки аз ин маблағ 501,1 миллион сомонӣ амонати муҳлатнок, 904,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ ва 929,7 миллион сомонӣ ба самтҳои дигар рост меояд.”

Табақабандии маблағҳои қонунишударо аз ин бештар шарҳ надодаанд, вале раиси Бонки миллӣ гуфтааст, пулҳое, ки дар ин муддат аз ҳисобҳои пинҳониву дигар ҷой баргардонда қонунӣ кардаанд, дар муқоиса ба соли 2002 бисёр зиёд аст.

Дар он сол шаҳрвандон бо арзиши 528 миллион сомонӣ пулу дороиҳои худро ба давлат нишон додаанд ва ба гуфтаи Ҳоким Холиқзода бештар аз 80 дар сади он бо доллари амрикоӣ будааст.

Соли 2021 дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон” қабул шуд, ки ба гуфтаи мақомот ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани иқтисодиёти пинҳонӣ ва бозгардонии пулу дороиҳои шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон буд.

Бар асоси ин қонун, ҳар касе, ки пулу сарват ба даст оварда, ғайриқонунӣ пинҳон кардааст, метавонад ин дороиҳоро қонунӣ кунад ва ҳеч ҷазо ҳам нагирад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гузашта худи мансабдоронро ба он муттаҳам кардааст, ки сарват ҷамъ меоранду дар хориҷ пинҳон мекунанд.

Аз ин пештар созмони Шаффофияти Байналмилал феҳрасти сатҳи ришвахориву фасодро дар кишварҳои ҷаҳон нашр кард, ки Тоҷикистон дар он яке аз мақомҳои бадеро ишғол кардааст ва муаллифони шохис мегӯянд, фасод дар кишвар касеро ба ҳайрат намеорад ва ба як “расм” табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG