Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$44 миллион қарз. Осмон барои "Тоҷик Эйр" то кай баста мемонад? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

"Тоҷик Эйр", ширкати давлатии Тоҷикистон, ки ҳавопаймоҳояш чанд сол боз аз парвоз мондаанду кормандонаш дар рухсатии бемузд ҳастанд, зиёда аз 449 миллион сомонӣ (44 миллион доллар) қарздор мондааст.

Радиои Озодӣ дар соли 2021 ва дар як таҳқиқот муайян кард, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи молиёту бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз чил миллион доллар қарздор аст. Мақомот он вақт вокунише накарданд. Мудири "Тоҷик Эйр" рӯзи якуми феврал гуфт, "масъалаи муфлис эълон кардани ширкат дар баррасӣ нест".

Такрори ваъда?

Парвиз Шодмонзода
Парвиз Шодмонзода

Парвиз Шодмонзода умед дорад, бо гирифтани ду ҳавопаймо аз Туркия ширкатро дигарбора ба пой рост хоҳанд кард. Дар гузашта айни ваъдаро раҳбарияти пешини "Тоҷик Эйр" дода буд, вале на ҳавопаймои ширкат ба ҳаво хест ва на қарзаш кам шуд.

"Дар масъалаи оғози парвозҳо мунтазири қарори Шӯрои нозирон ҳастем. Ҳавопаймоҳое, ки аз Туркия мегирем, дар шароити хуб ҳастанд. Дар кишварҳои аврупоӣ парвоз кардаанд. Вақте ҳавопаймоҳо дастрас шуданд, баъд метавонем масъалаи қарзҳоро баррасӣ кунем," -- гуфт раиси тозатаъини "Тоҷик Эйр" рӯзи 1-уми феврал дар нишасти хабарӣ.

"Тоҷик Эйр" аз Туркия ҳавопаймо мегирад. Чӣ гуна?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Шодмонзода афзуд, пешниҳодҳоро барои харидани ҳавопаймоҳо дар охири моҳи декабри соли гузашта ба Шӯрои нозирон ироа карданд. Ба иттилои ӯ, ҳавопаймоҳои "Эйрбас" аз ширкати туркии "Southwind" ба воситаи лизинг гирифта хоҳад шуд.

Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” чанд соли охир бо мушкили ҷиддии молӣ рӯбарӯст. Аз ҷумла, баҳсаш бо коршарики литвонӣ "Скайроуд лизинг" бар сари 20 миллион доллар дар додгоҳҳо идома дорад.

Баъзе аз ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” дар фурудгоҳҳои хориҷӣ ҳабс шудаанд. Ба гуфтаи Парвиз Шодмонзода, аз 205 корманд 135 нафар дар рухсатии бемузд ҳастанд.

Се далел

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ширкат дар сурати давлатӣ мондан наметавонад, ба зудӣ ба по хезад. Ба таъкиди ӯ, сабаби аввал ин аст, ки ширкати “Сомон Эйр” феълан қудрати таъмини бозорро дорад ва барои он “рақиб лозим нест.”

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

“Сабаби дувум, барои парвози ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” соли гузашта фарзан 100 миллион лозим буд, имсол 200 миллион мешавад ва соли оянда ин маблағ боз ҳам бештар мегардад. Сабаби севум, тамоми кормандони техникии “Тоҷик Эйр” дар ширкатҳои дигар, бахусус дар ширкатҳои хориҷӣ ҷойи кор ёфтаанд ва баргардондани онҳо осон нест,” – шарҳ дод ӯ.

Бо аз кор мондани “Тоҷик Эйр”, феълан "Сомон Эйр" ягона ширкати фаъоли Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ аст. Гуфта мешавад, “Сомон Эйр” ба яке аз наздикони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад ва борҳо барои монополияи бозор танқид шудааст.

Як номаи дипломатии Амрико, ки дар Wikileaks нашр шудааст, "Сомон Эйр"-ро ширкате меномад, ки зери назорати худи Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳанӯз дар ҳамин нома аз 30-юми сентябри соли 2009 гуфта мешавад, “Сомон Эйр” нақша дорад, дар оянда ҷойи “Тоҷик Эйр”-ро, ки рӯ ба варшикастагӣ дорад, бигирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG