Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси 20 миллион доллар. Суратҳисоби "Тоҷик Эйр"-ро бастаанд


Барои рӯёндани маблағҳои даъвоии як ширкати литвонӣ, мақомоти Тоҷикистон суратҳисоби ширкати давлатии “Тоҷик Эйр”-ро ҳабс кардаанд. Ширкати литвонии “Скайроуд Лизинг” аз коршарики тоҷикаш 20 миллион доллар талаб дорад. Ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” аз соли 2019 ба ин тараф аз парвоз мондаанд.

Шариф Нурзода, як масъули Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, рӯзи 20-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси қарори додгоҳи иқтисодӣ бояд аз ширкати “Тоҷик Эйр” 20 миллион доллар рӯёнанд. "Вобаста ба иҷрои санади додгоҳӣ пурра амалҳои иҷро гузаронда шуд. Суратҳисобҳои “Тоҷик Эйр” таҳти ҳабс қарор дорад," -- афзуд ӯ.

Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари масъулони ширкати “Тоҷик Эйр” бенатиҷа буд. Пештар намояндагони ширкат гуфта буданд, қарори додгоҳро дар мавриди пардохти 20 миллион доллар қабул надоранд.

Даъво бар сари чист?

Баҳси "Тоҷик Эйр" ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 идома дорад. "Скайроуд Лизинг" даъво дорад, ки коршарики тоҷикаш бояд 20 миллион доллар бипардозад. Масъуони ширкати «Тоҷик Эйр» ин даъворо қабул надоранд.

Пештар Додгоҳи арбитражии шаҳри Вилнюс "Тоҷик Эйр"-ро ба пардохти ин миқдор маблағ вазифадор карда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе аввал даъворо рад кард, вале дертар Додгоҳи олии иқтисодӣ қарори Додгоҳи ҳаками Вилнюсро пазируфт. Ахиран додгоҳе дар Амрико даъвои ширкати литвониро қонеъ накард. Баҳси ду тараф зоҳиран идома дорад.

"Маош дода наметавонад, 20 миллионро аз куҷо рӯёнем?"

Масъулони Хадамоти иҷро мегӯянд, бар асоси қарори додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон бояд 20 миллион долларро аз ширкати "Тоҷик Эйр" рӯёнанд. Ҳарчанд як масъули Хадамоти иҷро гуфт, чандон умеде надоранд, ки дар шароити ҳозира "Тоҷик Эйр" ин маблағро пардохта тавонад.

Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" се сол боз парвоз намекунанд. Ғайр аз даъвои "Скайроуд лизинг", "Тоҷик Эйр" боз аз андоз, маоши кормандон, фурудгоҳ, ширкати таъминоти сӯзишворӣ ва чанд ҷойи дигар қарздор аст.

Маоши кормандон ва андоз пардохтҳои аввалиндараҷа ҳастанд, ки “Тоҷик Эйр” ҳатто наметавонад, онҳоро пардохт кунад. Барои ҳамин, иҷрои даъвои ширкати “Скайроуд Лизинг” чанд дафъа ба таъхир андохта шуд,” -- афзуд масъули Хадамоти иҷро.

Сарфи назар аз бад будани вазъи молии “Тоҷик Эйр” намояндагони ширкати “Скайроуд Лизинг” зоҳиран аз даъвои худ даст кашиданӣ нестанд. Паулиус Дока, намояндаи ширкати "Скайроуд Лизинг" соли гузашта гуфта буд, ки дар сурати пардохт нашудани қарз аз ҷониби "Тоҷик Эйр" ҳукумати Тоҷикистонро ба ҷавобгарӣ мекашанд.

"Тоҷик Эйр", ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон, солҳои дароз аст, ки мушкилоти молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, вазъи ширкат беҳ нашуд ва ҳавопаймоҳояш аз парвоз монданд.

Ба ҷуз аз баста шудани суратҳисобҳо, соли 2020 як ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” дар Русия ҳабс шуда буд. Маълум нест, ки ширкат давоми се сол тавонист онро озод кунад ё не.

Радиои Озодӣ соли гузашта дар як таҳқиқот муайян карда буд, ки ширкати “Тоҷик Эйр”, дар остонаи варшикастагии комил аст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дода буд, ки “Тоҷик Эйр” аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ низ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG