Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "Озодӣ". Созмонҳо хоҳони мулоқот бо президент шуданд


Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) ҳамроҳи шаш созмони дигари байнулмилалӣ рӯзи 31-уми январ ба дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон нома фиристодаанд.

Муаллифон аз таъқиби рӯзноманигорон ва фишор ба озодии расонаҳо дар Қирғизистон шикоят карданд. Созмонҳои хориҷӣ аз маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ихроҷи рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темиров ва мавридҳои дигар мисол овардаанд.

"Ҳангоме президент шудед, гуфта будед, ки дар Қирғизистон озодии расонаҳо таъмин аст. Шумо ҳамчунин гуфта будед, ки таъқиби озодии баён чӣ зарарҳое дар пай хоҳад дошт. Мо хушҳол мешудем, агар мулоқот анҷом диҳем," -- омадааст дар нома.

Зери нома ҳамроҳ бо CPJ созмонҳои дигар, аз қабили Article 19, Human Rights Watch, Ниҳоди байналхалқии расонаҳо, Бунёди "Адолат барои рӯзноманигорон", "Бунёди Ҳелсинкии Норвегия" ва "Хабарнигорони бидуни марз" имзо гузоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январ аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек хост, фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.

Дар шикояти вазорат ба додгоҳ омадааст, "гузориши видеоӣ дар бораи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG