Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Халиҷи Форс минтақаи озоди тиҷоратӣ ташкил мекунад


Вазорати корҳои хориҷии Чин аз тасмими ин кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Арабистони Саудӣ ва ташкили минтақаи озоди тиҷоратии "Чин-Халиҷ (Форс)" хабар дод.

Дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии Чин, ки рӯзи 30-юми январ нашр шуд, номи Халиҷи Форс танҳо "Халиҷ" зикр шудааст.

Худдорӣ аз истифодаи номи "Халиҷи Форс" дар ҳоле аст, ки пештар баёнияи сарони Чин ва ҳафт кишвари арабӣ дар авоили моҳи декабр дар пойтахти Арабистони Саудӣ эътирози сахти Эронро барангехт.

Ҳамзамон Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, пас аз мулоқот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, гуфта буд, масъалаи ташкили минтақаи тиҷоратии Чин ва кишварҳои араби ҳавзаи Халиҷи Форс мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Арабистон он замон эълон кард, ки дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Чин ба Риёз дар бораи сармоягузории 50-миллиарддолларии ин кишвар дар Арабистони Саудӣ ба созиш расиданд.

Кин Гонг, вазири корҳои хориҷии Чин, дар гуфтугӯи телефонии рӯзи сешанбе бо ҳамтои арабистонии худ гуфтааст, "кишвараш мехоҳад, робитаҳои зичтаре бо Арабистони Саудӣ барқарор кунад ва "дар зудтарин фурсат" минтақаи озоди тиҷоратии "Чин-Халиҷ (Форс)" ташкил хоҳад шуд.

Охирин омори гумрукии Чин нишон медиҳад, ки ин кишвар дар 11 моҳи соли 2022 беш аз 72 миллиард доллар воридот аз Арабистони Саудӣ доштааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 чил дарсад бештар аст.

Арабистони Саудӣ соли гузашта яке аз содиркунандаҳои асосии нафт ба Чин буд ва рӯзона ба таври миёна 1 миллиону 750 ҳазор бушка нафт ба Чин медод.

Содироти моли Чин ба Арабистони Саудӣ низ дар 11 моҳи соли гузашта 26 дарсад рушд кард ва наздик ба 35 миллиард доллар расид.

Омори созмони Пайгирии сармоягузории хориҷии Чин нишон медиҳад, ки ин кишвар аз соли 2005 то 2022 бо беш аз 52 миллиард доллар дар тарҳҳои Арабистони Саудӣ иштирок дошт ва наздик ба 13 миллиард доллар дар ин кишвар сармоягузории мустақим кардааст.

Арабистони Саудӣ ҳамчунин соли гузашта аз ҳама бештар дар ҷаҳон барои тарҳи "Як камарбанд як роҳ" сармоя ҷалб кардааст.

Чин ин тарҳи як триллиондоллариро дар соли 2013 оғоз кард ва тибқи гузоришҳои расмӣ, дар нимаи аввали соли 2022 ҳудуди 30 миллиард доллар дар ин тарҳ сармоягузорӣ кардааст. Арабистони Саудӣ дар миёни кишварҳо аз ҳама бештар ин сармояро ҷалб намудааст.

Мизони сармоягузории чинӣ дар тарҳҳои вобаста ба "Як камарбанд як роҳ" дар Арабистони Саудӣ дар нимаи аввали соли гузашта 5,5 миллиард доллар будааст. Тарҳи "Як камарбанд як роҳ" ба ҳадафи воридоти маводи хом ва энержӣ ба Чин ва содироти маҳсулоти чинӣ ба бозорҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG