Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" аз Туркия ҳавопаймо мегирад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" талош дорад, аз Туркия ду ҳавопайморо тариқи лизинг бихарад. Ин ширкати ҳавопаймоӣ се сол аст, ки бо сабаби бад будани вазъи молиашон наметавонад парвозҳоро анҷом диҳад.

Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ рӯзи 1-уми феврал гуфтанд, ширкати "Тоҷик Эйр" барои ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои "Эйрбас" бо ширкати туркии “Southwind” ҳамкорӣ дорад.

Ба гуфтаи масъулони Оҷонсӣ, пешниҳодҳои ду ширкат ба нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ироа шудааст, ки ҳамзамон Раиси Шӯрои нозирони "Тоҷик Эйр" мебошад.

Ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 ба ин тараф парвоз намекунанд.

Радиои Озодӣ ду сол пеш дар як таҳқиқот муайян кард, ки “Тоҷик Эйр” дар остонаи варшикастагии комил аст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.

Ягона ширкати тоҷикистонии фаъол "Сомон Эйр" аст, ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. "Сомон Эйр" борҳо барои монополияи бозор мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG