Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиши Пешовар ба 88 кас расид


Пешовар, Покистон. 30-юми январи 2023
Пешовар, Покистон. 30-юми январи 2023

Шумораи кушташудаҳои ҳамлаи маргбори рӯзи душанбе дар масҷиде дар шаҳри Пешовари Покистон ба 88 нафар расид. Аксар қурбониён кормандони пулис мебошанд.

Муҳаммад Осим, сухангӯйи бемористони марказии Пешовар, рӯзи 31-уми январ ба расонаҳо гуфтааст, шаби гузашта ҷасадҳои бештар аз зери оворҳо берун кашида шуданд ва дар натиҷа шумори талафот афзуд.

Ӯ илова кард, ки бинобар фурӯ рафтани сақфи масҷид, эҳтимол омори қурбониён бештар шавад. Шумори захмиҳо дар баъзе гузоришҳо 150 тан гуфта шудааст.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти вилояти Хайбар Пахтунхо рӯзи 31-уми январро ба ёдбуди қурбониёни ин ҳодиса мотами умумӣ эълон кардаанд.

Як фармондеҳи Толибони покистонӣ бо номи Сарбакаф Муҳманд иддао кардааст, ки ҳамла аз сӯи онҳо сурат гирифтааст. Чанд соат пас аз он Муҳаммад Хуросонӣ, сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон ин иддаоро рад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG