Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурдани пиёз, картошка ва сабзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа манъ шуд. ВИДЕО


Ҳукумати Тоҷикистон содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷа манъ кардааст. Ин тасмим дар пасманзари афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ гирифта шуда, ба гуфтаи мақомот, "то муътадил гардидани бозор" давом мекунад.

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дастур як ҳафта пеш содир шуд. Ҳоло баҳои як кило пиёз 8-9 сомонӣ, картошка 4-5 сомонӣ, сабзӣ аз 4 то 6 сомонӣ аст. Сокинон аз боло рафтани арзиши маҳсулоти кишоварзӣ борҳо нигаронӣ карданд.

Вазири кишоварзӣ афзоиши нархи пиёзро тасдиқ кард, аммо гуфт, "ин хоси Тоҷикистон нест, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Покистону Афғонистон низ пиёз гарон шудааст". "Вақте дар моҳи декабр пиёзро ба Афғонистон содирот кардем, таъсираш якбора ба нарху наво расид," -- афзуд Ҳакимзода.

Пиёз яке аз маҳсулоти серистеъмол барои оилаҳо дар Тоҷикистон аст ва ҳар гуна тағйирот дар нархи он мавриди таваҷҷӯҳи мардум қарор мегирад.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон нақшаи истеҳсоли пиёз 727 ҳазор тонна пешбинӣ шуда буд, вале 672 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд. Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2022 нисбат ба як сол қабл бештар аз 2500 гектар камтар пиёз кишт шуд.

Содироти сабзавоти Тоҷикистон ба хориҷ маҳдуд шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки сардиҳои ахир баъзе аз маҳсулоти кишоварзиро вайрон кардааст, иддае аз деҳқонон мегӯянд, эҳтимол нархи маҳсулот дар рӯзҳои баъдӣ низ гарон шавад.

Зимистони имсола барои кишоварз Арбобуддин Қулдошов чандон осон набудааст. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз як ҷиҳат намнокӣ зиёд шуду барои деҳқонон хуб аст, вале аз тарафи дигар ин хунукиҳо таъсири худро расонд ва баъзе маҳсулотро сармо зад."

Ба қавли Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, сардиҳои ахир ба 10-12 дарсади захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ зарар расонд. Ӯ шарҳ дод, ки ҳоло гурӯҳҳои корӣ дар минтақаҳои кишвар масъалаи зарари сардиҳоро ба маҳсулот меомӯзанд.

Сардиҳои охир дар Тоҷикистон, ки ба зиндагии сокинон таъсир гузошт, кишоварзону тоҷирони меваю сабзавотро низ ғофилгир кард. Онҳое, ки натавонистанд, маҳсулоти полезии худро дар ҷойҳои гарм нигоҳ доранд, аз талаф ёфтани он нигарон ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG