Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи харобиовар дар Эрон: 816 кас осеб дидааст


Эрон
Эрон

Дар заминларзаи шоми 28-уми январ дар Озарбойҷони Ғарбии Эрон чанд деҳа хароб шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, дар ин ҳодиса се кас кушта ва 816 кас осеб дидааст. Эҳтимол шумораи захмиён ва ҷонбохтагон бештар бошад.

Заминларза баробар ба 5,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст.

Мақомоти Эрон гуфтанд, ба зарардидагон кумак мерасонанд.

Ҳазорон нафар дар пайи хароб шудани манзилҳои зисташон бе хона мондаанд. Ба гуфтаи мақомот, аз 20 то 50 дарсади хонаҳо дар ду шаҳр ва 70 маҳалла зарар дидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG