Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Ҳамла ба коргоҳи низомии Исфаҳон кори Исроил буд


Рӯзномаи амрикоии The Wall Street Journal бо такя ба манбаъҳои огоҳ дар Иёлоти Муттаҳида гузориш дод, ки ҳамлаи рӯзи шанбе ба як корхонаи ҳарбӣ дар Исфаҳони Эрон "кори Исроил буд".

Гузориш рӯзи якшанбеи 29-уми январ нашр шуд. Дар он аз қавли манбаъҳо омадааст, ҳамлаҳо дар ростои ҳадаф қарор додани корхонаҳои дифоии Эрон анҷом шуд. Манобеъ гуфтаанд, Амрико ва Исроил роҳҳои навро барои пешгирӣ аз барномаи ҳастаӣ ва низомии Эрон баррасӣ доранд.

Вазорати дифои Эрон мегӯяд, соати 23:30-и шаби 28-уми январ ба яке аз "муҷтамаъҳои Вазорати дифоъ" ҳамла сурат гирифт ва яке аз паҳпод ё бесарнишинҳои ҳамлавар аз сӯи системаи ҳавоӣ раҳгирӣ шуд.

Тибқи баёнияи ҷониби Эрон, ду паҳподи дигар дар болои анбор таркид ва "хисороти каме ба сақф ворид кард". Вазорати дифои Эрон дар баёнияи худ аз гурӯҳ ё кишваре ном набурдааст.

Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи ёдшударо "буздилона" хонд ва гуфт, ин ҳамлаҳо бар азми Ҷумҳурии Исломӣ барои тавсеаи барномаи "сулҳомез"-и ҳастаӣ таъсире нахоҳад дошт. Ҳасан Мирзоӣ, намояндаи Исфаҳон дар порлумони Эрон низ гуфтааст, ки эҳтимол ҳамлаи ёдшуда кори Исроил будааст.

Бо вуҷуди изҳороти мақомоти эронӣ дар бораи бархӯрди паҳподҳо ба сақфи корхона ва "садамаи ҷузъӣ", рӯзномаи "Jerusalem Post"-и Исроил ба нақл аз манбаъҳои истихборотии ғарбӣ гузориш додааст, ки ин ҳамла "бисёр муваффақомез" буд.

Ҳукумати Исроил то кунун дар ин бора вокуниш нишон надодааст. Як хабарнигори телевизиони исроилии "KAN" аз қавли як мақоми амрикоӣ, ки номе аз ӯ набурдааст, гузориш дод, ки артиши Амрико ҳеч ҳамлае дар Эрон анҷом надодааст.

Дар ин миён рӯзномаи "The New-York Times" мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ҳамла аз хоки худи Эрон созмондеҳӣ шуда ва паҳподҳо аз дохили марзҳои кишвар баланд шуда бошанд.

Ин аввалин ҳамлаи вобаста ба Исроил дар хоки Эрон баъд аз рӯи кор омадани ҳукумати нав бо раҳбарии Бенямин Нетаняҳу аст. The Wall Street Journal менависад, Исроил пештар дар замони раҳбарии Нетаняҳу дар байни солҳои 2009 то 2021 чандин амалиёт дар хоки Эрон анҷом дода буд.

Ин гузориш аз қавли мақомоти огоҳ ба сафари эълоннашудаи Вилям Бурнз, раиси CIA ба Исроил дар ҳафтаи гузашта барои музокира дар бораи Эрон ишора кард. Бино бар он, Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, қарор аст, рӯзи душанбе барои идомаи музокирот дар ин мавзуъ ва масоили минтақаӣ ба Исроил сафар кунад.

Ҳафтаи гузашта низ моневри низомии муштараки Амрико ва Исроил бо ҳузури 7500 нафар анҷом шуд.

Ҳерзи Ҳалеви, раиси Ситоди кулли артиши Исроил ҳафтаи гузашта ба The Wall Street Journal гуфта буд, Исроил ва Амрико барои "бадтарин сенария" омода мешаванд. "Ин размоиш паёми рӯшан ба Эрон аст."

Ин гузориш меафзояд, талошҳои ҳукумати Ҷо Байден барои барқарор кардани созиши ҳастаӣ бо Эрон ба бунбаст расидааст ва ҳукумати Нетаняҳу Амрикоро зери фишор қарор додааст, то мавзеи сахттаре алайҳи Эрон бигирад.

Бар асоси ин гузориш, Амрико низ бо таваҷҷуҳ ба фиристодани паҳпод ё бесарнишинҳои Эрон ба Русия, Исроилро таҳти фишор қарор додааст, то барои мадад ба Украина дар ҷанг бо Русия, талошҳои бештаре анҷом диҳад.

Михаил Подоляк, мушовири раиси ҷумҳури Украина низ дар вокуниш ба таркишҳои шоми шанбе ба коргоҳҳои низомии Исфаҳон дар "Твиттер" навишт, "шаби инфиҷорӣ дар Эрон. Украина ба шумо ҳушдор дода буд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG