Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Қазоқистон хост, будубошро осон кунад


Марзи Қазоқистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Қазоқистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз Остона даъват карда, ки имкони соддатар кардани қоидаҳои будубоши қирғизистониҳоро дар Қазоқистон баррасӣ кунад.

Ин дархост 27-уми январ дар мулоқоти муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон Алмос Имонғозиев ва сафири Қазоқистон дар Бишкек Рапил Жошибоев садо додааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки ин мулоқот бо ташаббуси ҷониби Бишкек баъди тағйири қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Қазоқистон сурат гирифтааст.

Имонғозиев дар мулоқот бо Жошибоев хостааст, будубоши қирғизистониҳо дар Қазоқистон "бо назар дошти муносибатҳои стратегӣ, ҳампаймонии ду кишвар ва узвияти онҳо дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё" соддатар карда шавад.

Мақомоти Қазоқистон ахиран қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷиронро сахттар карданд. Қоидаҳои нав барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки Русияро дар бар мегирад, 90 шабонарӯзи будубош бе визаро дар муҳлати 180 рӯзи тақвимӣ пешбинӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG