Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассиси "Гвардияи миллӣ" дар Кӯлоб даргузашт


Иброҳим Исмоилов, муассиси "Гвардияи миллӣ" дар Кӯлоб
Иброҳим Исмоилов, муассиси "Гвардияи миллӣ" дар Кӯлоб

Иброҳим Исмоилов, муассиси "Гвардияи миллӣ" дар вилояти собиқи Кӯлоб, дар синни 86-солагӣ даргузашт.

"Гвардияи миллӣ", як воҳиди низомӣ дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ бо қарори Қурбон Мирзоалиев, раиси вилояти собиқи Кӯлоб таъсис ёфт. Баъдан, дар заминаи он "Фронти халқӣ", як тарафи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пайдо шуд.

Эраҷ Иброҳимов, набераи Иброҳим Исмоилов рӯзи 29-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бобояш аз бемории қанд ранҷ мекашид. Ба гуфтаи ӯ, ин субҳ фишораш якбора боло шуд ва дигар ба худ наомада, даргузашт.

Иброҳим Исмоилов, полковники милиса буда, аз замони шӯравӣ то синни нафақа дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ аз саҳми худ, ба истилоҳ, дар "барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ" мегуфт ва аз он шикоят мекард, ки ба "қадараш нарасидаанд."

Таъсиси "Гвардияи миллӣ" ва "Фронти халқӣ"-ро идеяи худ медонист ва ба ин назар буд, ки Сангак Сафаров, раҳбари Фронти халқӣ ин созмонро баъдан, ба нафъи худ истифода бурд.

Ӯ дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Гвардияи миллиро ба хотири дифоъ аз мардуми одӣ созмон дода буданд ва дар он бештар афсарони касбии милиса ҷой доштанд. Баъдан, ба андешаи ӯ, ба ин созмон дигарон ҳамроҳ шуданд ва онро "Фронти халқӣ" ном гузоштанд.

"Фронти халқӣ", як созмони низомӣ буд, ки дар ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфт ва муқобили мухолифини исломӣ дар Тоҷикистон меҷангид.

Тарафдоронаш ин созмонро "сулҳовар" медонанд, вале мухолифонаш онро "оташафрӯзи ҷанги шаҳрвандӣ" меноманд.

XS
SM
MD
LG