Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи нав то Аврупо. Тоҷикистон дар ин нақша ҷой дорад? ВИДЕО


Баъд аз таҳримҳои сахт интиқоли молу коло ба воситаи Русия акнун тақрибан номумкин гаштааст. Кишварҳои манфиатдор дар пайи таҳкими масирҳои нави боркашонӣ миёни Чин ва Аврупоянд. Дар ин нақшаи нав Тоҷикистон ё ҷой надорад ва ё ҷойгоҳи хеле маҳдуд насибаш мегардад.

Иштирокдорони нишасти "Дипломатия ва логистика" рӯзи 26-уми январ дар Душанбе ба он ишора карданд, ки тарҳи нав, аз ҷумла тирамоҳи гузашта дар нишасти сарони кишварҳои туркзабон дар Самарқанд пайрезӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки масири пешина асосан аз қаламрави Русия мегузашт. Акнун ин роҳ аз кишварҳои туркзабон ба мисли Қирғизистону Қазоқистон, Туркманистону Озарбойҷон ва Туркия убур мекунад.

Абдухалил Давлаталӣ, раиси Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон, мегӯяд, дар шароити ҷаҳонишавии робитаҳои иқтисодӣ набояд аз чунин тағйироти логистикӣ нигарон буд. Ҳарчанд, ба бовари мақомдори тоҷик, баъзе аз тасмимҳои ахири минтақавии иқтисодӣ аз омилҳои сиёсӣ орӣ нестанд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Бо вуҷуди дур мондан аз масири нави интиқоли коло миёни Ғарбу Чин, Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, ин масир ба фоидаи Тоҷикистон низ хоҳад буд.

"Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба ҳадде расидааст, ки онро аллакай ҷанги сард ҳам меноманд. Азбаски ҷанг боз идома меёбад, минбаъд ҳар маҳсулоте, ки аз қаламрави Русия вориди Аврупо мешавад, бо монеа дучор аст," -- гуфт Парвиз Муллоҷонов.

Ӯ афзуд: "Масири интиқоли ҷанубии маҳсулот миёни Аврупо ва Чин дар муқоиса бо масири убур аз қаламрави Русия тақрибан ду маротиба кӯтоҳтар ва ҳамин қадар арзонтар аст. Ин масир махсус бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои пасошӯравӣ роҳандозӣ мешавад, ки тавонанд зудтару арзонтар бо Ғарб додугирифт кунанд."

Видео дар инҷост:

Тоҷикистон роҳи нав ба Аврупо меҷӯяд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Ануша Ҳодизода, коршиноси масоили нақлиётӣ ба ин назар аст, ки аз лиҳози геополитикӣ ҷойгиршавии Тоҷикистон чандон фоидаовар нест ва убур аз роҳҳои баландкӯҳ ҷаззобияти ба кишвари транзитӣ табдил шудани онро кам мекунад. Ба эътиқоди ӯ, масири нави миёни Ғарбу Чин дар ҳоле боз кӯтоҳтару арзонтар мешуд, агар муноқишаи миёни Озарбойҷону Арманистон ба охир бирасад.

Ануша Ҳодизода
Ануша Ҳодизода

"Агар ин ду кишвар ба ҳамкорӣ даст ёбанд, долони Зангиюр боз шавад, он вақт ин масир аз қаламрави Эрон гузашта, зуд вориди Туркия мешавад. Дар ин сурат борҳо зудтар ба маҳалли даркорӣ расида, фоида аз он бештар мешавад," -- шарҳ дод ӯ.

Баъд аз оғози ҳамлаи беасоси низомии Русия ба Украина дар моҳи феврали соли гузашта раванди интиқоли коло миёни Аврупо ва Осиё тавассути бештаре аз масирҳо ба ҳам зада, хатари роҳ наёфтани бархе аз маҳсулот ба минтақаҳо вуҷуд дорад.

Дар як соли охир баъзе аз соҳибкорони тоҷик низ аз масдуд шудани роҳҳои интиқоли маҳсулоти мавриди назарашон аз хориҷа ба Тоҷикистон ё баръакс шикоят мекунанд. Русия низ дар шароити таҳримҳои ғарбӣ ночор шудааст интиқоли маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар бештар ба воситаи қаламрави кишварҳои осиёӣ роҳандозӣ кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG