Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизионҳоро дар Қирғизистон ба ниҳодҳои давлатӣ медиҳанд


Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон мегӯяд, масъалаи дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ гузоштани телевизионҳои "Пирамида" ва "Шабакаи 5"-и ин кишварро баррасӣ мекунад.

Муовини раиси бунёд Медер Машиев гуфт, қарор аст, шабакаи телевизионии "Пирамида" дар ихтиёри "Қумтор" ё ширкати давлатии "Кыргыз Алтын" ва телевизиони "Шабакаи 5" дар ихтиёри шаҳрдории Бишкек гузошта шавад.

Ба гуфтаи ӯ, телевизионҳои давлатӣ барои он ба ниҳодҳои мазкур дода мешаванд, ки бунёд дигар тавони сармоягузории онҳоро надорад.

Ин хабарро вакили порлумони Қирғизистон Дастан Бекешев ҳам дар шабакаи иҷтимоии Твиттер тасдиқ кардааст.

Телевизиони "Шабакаи 5" дар Қирғизистон соли 2005 таъсис дода шудааст. Он то соли 2010 шахсӣ буд ва баъди ҳодисаҳои апрелӣ онро давлатӣ карданд. "Пирамида" яке аз нахустин телевизинҳои мустақили Қирғизистон буд, ки соли 1994 таъсис ёфтааст. Онро низ баъди ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 давлатӣ карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG