Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролуд шудани 48 нафар пас аз хӯрдани қурутоб


Қурутоб. Акс аз бойгонӣ
Қурутоб. Акс аз бойгонӣ

48 нафар дар як деҳаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин пас аз хӯрдани қурутоб заҳролуд шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 24-уми январ ва ҳангоми меҳмонӣ рӯй додааст. Мақомот гуфтанд, қазияро таҳқиқ доранд.

25 нафареро, ки "аҳволашон бад аст", ба бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб бурдаанд. Дигарон дар шифохонаи маҳаллӣ муолиҷа мегиранд.

Ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар хабарномае гуфтааст, ки аҳволи аксари заҳролудшудагон хуб шудааст ва “аз беморхона ҷавоб дода шудаанд.”

Ба гуфтаи масъулони ҳукумати ин ноҳия, “вазъи саломатии шаҳрвандон дар ҳолати хуб қарор дошта, зери назорати ҷиддии табибон қарор доранд.”

Пизишкон ҳанӯз дақиқ накардаанд, ки сабаби заҳролуд шудани сокинон чист.

Шароф Рустамов, сардори Раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи 24-уми январ гуфт, дар ин бора дертар маълумот хоҳанд дод.

Ҳодиса дар хонаи як сокини деҳаи Чагамаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ҳангоме рӯй дод, ки ҳамдеҳагонашро ба хӯрдани қурутоб даъват карда буд.

Заҳролуд шудани сокинон аз хӯрок борҳо иттифоқ уфтода, фоҷеаҳо низ дар пай доштааст.

Дар охири соли гузашта як хонавода дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд пас аз истеъмоли меваю сабзавоти консервашуда заҳролуд шуданд. Дар ин ҳодиса Умриннисо Каримоваи 58-сола ва духтараш, Муҳаррам Каримоваи 30-сола ҷон бохтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG