Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон оғоз шуд.
Дафтари матбуоти президент бо пахши хабарномае гуфт, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат раҳбарони ҳамаи шарҳу ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои давлатӣ, сарварони донишгоҳҳову бонкҳои кишвар иштирок мекунанд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар оғози ҷаласаи солона нахуствазир Қоҳир Расулзода дар бораи кори ҳукумат дар соли гузашта ҳисобот додааст.
Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа кори ҳукумат дар соли 2022 натиҷагирӣ ва ҳам нақшаву барномаҳо барои соли 2023 баррасӣ гарданд.
Эҳтимол меравад, ки дар сатҳи ҳукумат баъзе тағийроти муҳими кадрӣ низ сурат бигирад.
Хабар давоми рӯз такмил мешавад.
Гуфтугӯ