Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иёлоти Муттаҳида ба Украина машварат додааст, ки...


20-уми январ, канораҳои шаҳри Бахмут
20-уми январ, канораҳои шаҳри Бахмут

Иёлоти Муттаҳида ба Украина машварат додааст, то замони бо силоҳҳои нав таъмин шудан ва аз тамрин гузаштани низомиёнаш аз шурӯи амалиёти азим алайҳи Русия худдорӣ варзад.

Як мансабдори баландпояи Амрико рӯзи 20-уми январ ин суханҳоро дар ҳузури теъдоди ками журналистон ва бо шарти пинҳон мондани номаш баён кард.

Ӯ афзуд, тонкҳои "Абрамс" ба бастаи ёриҳои ироашуда ба Украина дохил нест. То замоне ки, ба гуфтааш, дар ин замина бо Олмон ихтилофи назар аз байн наравад.

Ин мақоми амрикоӣ гуфтааст, Вашингтон ба Киев машварат додааст, низомиёни украинӣ бояд аз давраи омӯзишиву ошноии беҳтар бо тарзи истифодаи силоҳҳои навтарини амрикоӣ гузаранд ва танҳо баъд дар фикри азсаргирии ҳуҷумҳои нав бошанд.

Ӯ гуфтааст, украиниҳо барои дифоъ аз шаҳри Бахмут нерӯву тавони зиёде сарф карданд, вале чунин гумон вуҷуд дорад, ки русҳо дар ниҳоят метавонанд, ин шаҳрро ишғол кунанд ва дар натиҷа, ҳеч пешрафти стратегӣ ба даст намеояд. Ин мақом гуфт, амрикоиҳо бо украиниҳо сари ин масъала кор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG