Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз фавти шашгоник... Мудири таваллудхона барканор шуд 


Нурия Дадобоева
Нурия Дадобоева

Нурия Дадобоева, мудири таваллудхонаи вилоятӣ дар Суғд, аз мақом барканор шудааст. Барканории ӯ баъд аз фавти шашгоник сурат гирифт.

Хабаргузории «Азия-Плюс» рӯзи 20-уми январ навишт, Дадобоева бознишаста шуд ва ба ҷояш муовини ӯ, Мунира Валиева, омад.

Рӯзи 11-уми январи имсол дар таваллудхонаи вилоятии Суғд шашгоник ба дунё омад, вале ҳамаи онҳо як рӯз умр диданд.

Пизишкон сабаби марги пайиҳами ду писар ва чаҳор духтарро ба "таваллуди бармаҳал" пайванд доданд. Наздикон ба ин чиз бовар надоранд ва хунукназарии пизишконро сабаби марги шашгоник медонанд.

Таваллуди шашгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта панҷгоник ва чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник дар Тоҷикистон сабт шуда буд. Панҷгоникро соли 2020 як сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни Хатлон ба дунё овард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG