Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, музокираҳо бо Тоҷикистон "суръати бештар гирифтаанд"


Жээнбек Кулубоев
Жээнбек Кулубоев

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубоев хабар додааст, ки гуфтугӯҳои марзии кишвараш бо Тоҷикистон дар соли 2023 низ идома мекунанд. Ба иттилои вазир, соли 2022 дар муносибатҳои ду кишвар соли "сахт" буд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид чизе нагуфтааст.

"Давраи сахти муносибатҳо бо Тоҷикистон буд: ҳодисаҳои сентябрӣ, баъди он гуфтугуҳои пӯшида тӯл кашиданд. Айни замон вазъ каме сабуктар шуд. Ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳаст, аз ҷониби мо ҳаст, ки ба ҳар ҳоле бояд гуфтугуҳои марзӣ ба поён расонида шаванд", - гуфт Кулубоев.

Вай ҳамчунин илова кард, ки гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистон "суръати бештар гирифтаанд".

Марзи муштараки ду кишвар 972 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 682 км муайян ва 290 км дигар баҳсӣ боқӣ мондааст. Дар робита ба баҳсӣ будани марзи муштарак миёни сокинони наздимарзии ду кишвар ва сарҳадбонони ду тараф низоъ сурат мегирад.

Яке аз калонтарин низоъҳо дар марзи ду кишвар рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 рух дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG