Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи узбекистоние, ки дар ИМА 8 касро кушт. ВИДЕО


Сайфулло Соипов, муҳоҷири узбек дар куштори ҳашт нафар муттаҳам аст
Сайфулло Соипов, муҳоҷири узбек дар куштори ҳашт нафар муттаҳам аст

Рӯзи 9-уми январ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳокимаи Сайфулло Соипов, муҳоҷири узбек, ки дар куштори ҳашт нафар муттаҳам аст, шурӯъ шуд.

Ба қавли додситонҳо, фарди муттаҳам ҳаводори созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ва ё ДОИШ буда, мехост ба воситаи ҳамлаи маргбор садоқаташ ба ин гурӯҳро собит кунад.

Додситон, Александр Лӣ, ёдовар шуд, ки 31-уми октябри соли 2017-ум дар арафаи ҷашни “Ҳаловин” Соипови 34-сола мошини ба иҷора гирифтаашро сӯи раҳгузарҳову дучархаронҳо равона карда, 8 нафарро ба ҳалокат расонд. Беш аз даҳ каси дигар ҷароҳат бардошт.

Лӣ афзуд, ки Соипов сар аз соли 2014-ум тавассути интернет дар бораи ДОИШ маълумот ҷамъ кардааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар Ню Йорк муҳокимаи Сайфуллоро оғоз карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Додситон гуфт, Соипов махсус ҷашни "Ҳаловин"-ро интихоб карда буд, то дар кӯча одам бештар бошад. Ҳамчунон, ба гуфти Лӣ, Соипов мехост, ба раҳгузарҳо дар "Пули Бруклин" низ ҳамла кунад.

Соипов 28 банди айбномаро, ки дар он иттиҳоми куштор ва ёрӣ ба созмони террористӣ зикр шудааст, қабул надорад. Дар толори додгоҳ Соипови узбектабор бо ниқоб ҳозир шуда, ҷараёни муҳокимаро бо кумаки тарҷумон пайгирӣ мекард.

Моҳи сентябри соли гузашта Вазорати адлияи ИМА таъкид карда буд, ки дар додгоҳ ҳукми қатли Соиповро талаб мекунад.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори "Рейтерс" хотирнишон мекунад, ки моҳи июли соли 2021-ум додситони кулли ИМА Мерик Гарланд ба иҷрои ҳукмҳои федералии қатл "мораторий" ҷорӣ кардааст.

Роберт Данҳам, ҳуқуқшинос ва мудири Маркази иттилоотии ҳукмҳои қатл мегӯяд, додгоҳ бояд аз эҳтиёт кор гирад. "Вақте як нафар бо ҳадафи ба истилоҳ "шаҳодат" амали террористӣ раҳандозӣ мекунад, зоҳиран, ҳукми қатл ташвиқи ин амал аст. Мавҷудияти ҳукми қатл ва иҷрои он ба назми ҷамъиятӣ хатари бештар дорад. Бар илова, вақте амлкарди террористии ин гуна "гургҳои танҳо" таҳқиқ мешавад, ошкор мегардад, ки онҳо бемории рӯҳӣ ва ё мушкили равонӣ доранд,"--гуфт ӯ.

Додраси минтақаи Манҳеттен Вернон Бродерик мегӯяд, эҳтимол муҳокимаи Соипов то се моҳи дигар идома ёбад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG