Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марди 80-сола дар Суғд аз дуди ангишт ҳалок шудааст


Ангишт як василаи гармшавӣ барои сокинон дар Тоҷикистон аст.
Ангишт як василаи гармшавӣ барои сокинон дар Тоҷикистон аст.

Дар ноҳияи Деваштич ду узви як хонавода аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд.

Ба навиштаи нашрияи “Азия плюс” ҷабрдидаҳо зану шавҳари солхӯрда будаанд.

Дар натиҷаи заҳролудшавӣ марди 80 сола ба ҳалокат расида, ҳамсари ӯ ки 77 сол дорад, дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона интиқол дода шудааст. Вазъи зан “вазнини миёна” арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи пизишки шӯъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Деваштич, аз соли нав ин аллакай дуввумин ҳолати заҳролудшавӣ аз дуди ангишт мебошад.

Ҳамасола бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ бо ин гуна фоҷеаҳо меанҷомад.

XS
SM
MD
LG