Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Эрон хост, ба эъдоми эътирозгарон поён диҳад


Cозмони Милали Муттаҳид бори дигар аз мақомоти эронӣ хостааст, ки ба раванди ҳукми эъдоми (қатл) эътирозгарони зиндонӣ хотима диҳад. Кишварҳои дигар ҳам эъдоми эътирозгарон дар Эронро маҳкум кардаанд.

Дар ин эъломияи Комисюни ҳуқуқи башари СММ аз хабари ҳукми қатли ду эътирозгари дигар бо номҳои Муҳаммад Қубодлу ва Муҳаммад Баруғонӣ, ки қарор аст рӯзҳои наздик иҷро шавад, нигаронӣ шудааст. Ин эъломия ҳамчунин аз мақомоти эронӣ хостааст, ки ҳамаи ҳукмҳои қатлро фавран бас кунад.

Аммо расонаҳои давлатии Эрон дар вокуниш ба нашри хабарҳои нигаронкунанда дар бораи ҳукми қатли ин ду эътирозгар бо такя ба Додгоҳи олии он кишвар навиштанд, ки иҷрои ҳукми ин ду нафар дар дастури кор нест.

Стефан Дуяррич, сухангӯи дабири кулли СММ дар посух ба суоли як хабарнигор роҷеъ ба идомаи раванди ҳукмҳои қатл дар Эрон гуфт, "мо ба шиддат муҷозоти эъдомро маҳкум мекунем. Ин чизе аст, ки дабири кулли СММ ҳамеша мухолифи он будааст ва ҳар ҷо ва ҳар замоне, ки ин муҷозот амалӣ шавад, садои худро алайҳи он баланд хоҳем кард".

Аз сӯи дигар, Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон рӯзи душанбе маҳкум кардани эътирозгарони эронӣ ба ҷазоҳои сахтро як амали "ваҳшатнок" хонд ва гуфт, ки "режими Эрон аз ин муҷозотҳо чун як абзори саркӯб истифода мекунад".

Оқои Шолтс дар "Твиттер" бо ишора ба номи Муҳаммад Ҳусайнӣ ва Муҳаммад Маҳдӣ, аз Теҳрон хост, ки судур ва иҷрои ҳукми қатли эътирозгаронро фавран бас кунад. Эрон дар камтар аз як моҳи гузашта чаҳор эътирозгарро эъдом кардааст.

Вай ҳамчунин аз мақомҳои эронӣ хост, то зиндониёнеро, ки бе сабаб боздошт карданд, ҳарчӣ зудтар озод намоянд.

Ҳукумати Олмон ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалии худ фишор бар Эронро афзоиш медиҳад.

Айни замон, Вазорати корҳои хориҷии Олмон сафири Эрон дар Берлинро даъват кард, норозии кишвараш аз эъдоми ду нафар дар Эронро ба ӯ расондааст. Вазири корҳои хориҷии Олмон дар нишасти хабарӣ гуфт, режиме, ки ҷавонони худро ба гуфтаи вай, барои тарсонидани мардумаш мекушад, оянда надорад.

Фаронса ва Бритониё низ дар эътироз ба ҳукми қатли эътирозгарони зиндонӣ, сафирони Эронро даъват намуда, норозии худро баён кардаанд.

Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки Берлин ап дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли музокира мебошанд, то бинобар бархӯрди хушунатбори Теҳрон бо мардум, чаҳор бастаи таҳримҳоро алайҳи Эрон қабул ва амалӣ кунад.

Канада низ бо маҳкум кардани эъдоми Маҳдӣ Карамӣ ва Муҳаммад Ҳусайнӣ се ниҳод ва ду мақоми Эронро бинобар нақзи ҳуқуқи башар ба феҳристи таҳримҳои худ ворид кардааст.

Ҳукумати Эрон дар як моҳи гузашта чаҳор тан аз боздоштшудаҳои эътирозҳоро эъдом кардааст. Дар айни ҳол, Созмони ҳуқуқи башар ҳушдор додааст, ки дастикам 100 эътирозгари дигар бо хатари ҳукми эъдом ва ё ҷазоҳои сахт рӯбарӯ ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG