Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ҷазо барои бадлафзӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро сахттар мекунад


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки шуруъ аз моҳи марти соли 2023 барои истифодаи алфози қабеҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима ба андозаи 150 доллари ИМА ва ё ҳабси маъмурӣ то 30 рӯз таъйин карда мешавад.

"Айни замон барои майдаавбошӣ дар ҳаҷми 37 доллари ИМА ҷарима ва ё ҳабси маъмурӣ то 15 рӯз пешбинӣ шудааст. Дар таҳрири нави қонун ҷарима ба 150 доллари ИМА баробар ва муҳлати ҳабс то 30 рӯз нишон дода шудааст", - гуфт Азамат Куримбоев, як масъули вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.

Солҳои охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Қазоқистон дар мавзуи рафтори ахлоқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳрҳои он кишвар баҳсҳои зиёд мекунанд.

Тобистони соли гузашта вакилони маҷлиси шаҳри Остона пешниҳод карда буданд, ки барои оби даҳон парокандан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷазо таъйин шавад.

XS
SM
MD
LG