Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду эътирозгарро дар Эрон ба дор кашиданд


Муҳаммад Маҳдии Карамӣ ва Муҳаммад Ҳусейнӣ ба қатл маҳкум шуданд.
Муҳаммад Маҳдии Карамӣ ва Муҳаммад Ҳусейнӣ ба қатл маҳкум шуданд.

Дар Ирон рӯзи 7-уми январ ду тан аз ширкатдорони эътирозҳои зиддидавлатиро ба дор кашиданд.

Мақомоти Эрон садҳо нафарро барои ширкат дар эътирозҳо, ки аз тирамоҳи соли гузашта, пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола дар идораи пулис, оғоз шуда буд, боздошт карданд. То кунун эъдоми чор нафар аз эътирозгарон маълум шудааст.

Муҳаммад Маҳдии Карамии 22-сола ва Муҳаммад Ҳусейни 39-соларо мақомоти Эрон дар куштори корманди "Басиҷ", як ниҳоди ниманизомии ин кишвар айбдор карда буданд.

Бар асоси ин инттиҳом се нафари дигарро низ ба ҳукми қатл маҳкум карда, нисбат ба 11 нафар ҳукмҳои тӯлонии зиндон эълон намудаанд.

Созмони "Amnesty International" гуфтааст, ки иқрор ба гуноҳро мақомоти эронӣ аз боздоштшудаҳо бо роҳи фишор ва шиканҷа гирифтаанд. Адвокати Ҳусейнӣ, як аз маҳкумшудаҳо моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, ки он гуноҳе, ки нафари таҳти ҳимояташ зери шиканҷа эътироф кардааст, бояд бекор шавад, чун асоси қонунӣ надорад.

Мақомоти Эрон шиканҷа шудани боздоштшудаҳоро рад мекунад.

Адвокати Каримӣ, нафари дигар қатлшуда низ мегӯяд, қабл аз марг ба ӯ иҷоза надоданд, ки бо хонаводааш суҳбат кунад.

Моҳи сентябри соли 2022 марги Маҳсо Аминӣ дар идораи пулис, ки бо далели "бадҳиҷобӣ" боздошт шуда буд, хашми мардумро ба бор овард. Ӯро пулис ба он айбдор мекард, ки дуруст ҳиҷоб напушидааст.

Ҳазорон нафар моҳҳо боз дар Эрон эътироз доранд. Ҳукумат эътирозгаронро бо бераҳмӣ саркӯб мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз кушта шудани беш аз 500 нафар дар ин эътирозҳо хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки беш аз 18 ҳазор эътирозгар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG