Кевин Маккарти, яке аз раҳбарони ҷумҳурихоҳони Амрико, баъди 15 маротибаи талош дар рӯзи чоруми овоздиҳии вакилони Конгресс, раҳбари Маҷлиси намояндагони ин кишвар интихоб шуд.
Гуфта мешавад, Маккартии 57 сола дар ягон давраи рақобат меъёри овозҳоеро, ки қонун муайян кардааст, яъне райъи ҳама 218 вакилро ба даст наовардааст. Дар марҳилаи охирини раъйдиҳӣ, 6 вакили конгрес ба ҷонибдории ягон номзад овоз надоданд ва ин ба Маккартӣ имкон дод, раиси порлумон интихоб шавад. Ба ӯ ҳамагӣ 216 нафар овоз дода буданд.
Интихоби раиси маҷлиси намояндагони Амрико, ин бор 4 рӯз давом кард. Ин интихобот солҳои қабл дар рӯзи аввал ҷамъбаст ва ғолиб эълон мешуд.
Кевин МакКартӣ, аз ҷумлае вакилоне аст, ки аз ёриҳои беохиру доимии Амрико ба Украина розӣ нест. Вай пештар дар як мусоҳибааш гуфт, “мардуме, ки дар ҳолати рукуди иқтисодӣ қарор мегиранд, ба осонӣ барои Украина пул ҷудо намекунанд”.
Пешгӯи мекарданд, ки дар сурати сари кор омаданаш МакКартӣ метавонад, дар кумитаҳои буҷаву умури хориҷӣ шахсонеро таъин кунад, ки дилгармии зиёде барои мадад ба Украина надоранд.
Кевин Маккартӣ дар курсии раҳбари Порлумони Амрико ба ҷойи Нэнсӣ Пелосии демократ нишаст. Пелосӣ аз соли 2019 раҳбарии Маҷлиси намояндагонро бар дӯш дошт.