Дар пайи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Додситонии кул ҳам ширкати шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон рад кард. Додситони кулли Қазоқистон 5-уми январи имсол гуфт, дар бетартибиҳои моҳи январи соли гузашта дар ин кишвар, ки боис ба хунрезӣ шуд, хориҷиҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок доштанд.
Бо нашри як хабарнома рӯзи 7-уми январ, Додситонии кули Тоҷикистон гуфт, ба ин ниҳод, аз ҷониби Додситонии кулли Қазоқистон ягон маълумоту дархосте барои оғози тафтишоту барраси парвандаҳо ворид нашудааст. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон тоҷикон даст надоштанд
Додситонии кул мегӯяд, бар асоси қонунгузорӣ агар нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон тафтише оғоз мешуд, ҳатман мақомоти қазоқ аз онҳо маълумот дархост мекарданд. Дархости маълумоти бештар дар бораи шаҳрвандони як кишвари хориҷӣ дар кишвари дигар як ҳолати маъмулӣ дар ҷаҳон аст
“Аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба ҳодисаҳои болозикр ворид нагардидааст.” - омадааст дар хабарномаи Додситонии кул.
Берик Асилов, додситони кулли Қазоқистон, рӯзи 5-уми январ дар порлумони кишвараш гуфт, "шаҳрвандони хориҷӣ ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва ҷиноятҳои дигар гумонбар дониста мешаванд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Узбакистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд."
Аз ин пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам даст доштани шаҳрвандони кишварро дар бетартибиҳои Қазоқистон рад кард. Намояндаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6-уми январ ба Радиои Озодӣ навишт, дар ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат накардаанд.
Мақомоти Қирғизистон ҳам ба ин изҳороти Асилов вокуниш карда, даст доштани доштани шаҳрвандони худро дар эътирозҳои Қазоқистон рад карданд.
Додситони кулли Қазоқистон дар бораи даст доштани шаҳрвандони хориҷӣ дар эътирозҳо ҷузъиёти бештар надодааст. Маълум нест, шаҳрвандони ин кишварҳо дар ҷараёни эътирозҳои аввали соли гузашта дар Қазоқистон чӣ "нақше" бозидаанд. Ба гуфтаи мақомоти қазоқ дар пайванд ба эътирозҳои моҳи январ 573 нафар маҳкум шудаанд.
Дар эътирозҳои моҳи январи соли гузашта дар Жанаозени Қазоқистон 227 кас кушта шуд. Дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ раиси Кумитаи амнияти Қазоқистон ва вазири дифоъ боздошт шуданд.