Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, соли 2022 нархи орд дар Тоҷикистон гаронтар шуд


Дукони фурӯши орд дар як бозори Душанбе
Дукони фурӯши орд дар як бозори Душанбе

Нархи орди гандум дар Тоҷикистон соли 2022 ба таври қобили мулоҳиза боло рафта будааст.

Дар гузориши ахири барномаи озуқаи СММ, ки рӯзи 3-юми январ нашр шуд, гуфта шудааст, ки нархи орди навъи якум дар бозорҳои Тоҷикистон аз моҳи феврал то майи соли 2022 якбора боло рафт.

Моҳи май нархи як халта орд дар бархе аз фурӯшгоҳҳои кишвар то 350 - 380 сомонӣ расид.

Коршиносони СММ гуфтаанд, баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла тобистону тирамоҳ нархи орд то 6 дар сад поин рафт, вале бо ин вуҷуд арзиши орд, маҳсулоти муҳим дар дастурхони тоҷик ба фарқ аз соли 2021 гарон боқӣ монд.

Имсол сокинони Тоҷикистон пайваста аз болоравии нархи маҳсулоти муҳиму ниёзи аввал дар бозорҳо шикоят мекарданд.

Як сабаб таҳримҳо алайҳи Русия ва коҳиши содироти маҳсулот аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон гуфта мешавад.

Тобистони имсол дар пайи болоравии нархи орд, масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтанд, ҳангоми нақшарезии соли 2023 пешгирӣ аз гаронии нархи орд ва баланд бардоштани ҳосилнокиро ба назар мегиранд, вале барномаи зиддибуҳронии хосе надоранд.

Ҳоло дар бозорҳои Душанбе нархи як халта орд 270 то 330 сомонӣ аст.

XS
SM
MD
LG