Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Басеҷ нагузашта боз басеҷ? Як пайомади тағйирот дар артиши Русияро гуфтанд. ВИДЕО


Маскав дар посух ба талоши НАТО барои зиёд кардани нерӯҳояш дар наздикиҳои сарҳади Русия ба ислоҳоти артиш шуруъ кардааст. Пешниҳод шудааст, ки синни даъват ба хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба тадриҷ боло бурда шавад ва дигар ҷавонони аз 21 то 30-соларо ба хидмат бигиранд. Мақомоти Русия бо ин роҳ мехоҳанд, шумори сарбозонро бештар кунанд. Коршиносон мегӯянд, ин тағйирот ба вазъи бе ин ҳам нохуби демографии Русия таъсир хоҳад дошт.

Ҳоло ҷавонони аз 18 то 27-соларо дар Русия ба артиш даъват мекунанд. Шумори каме ба хидмат мераванд. Ба далели таҳсил дар мактабҳои олӣ ва имтиёзҳои дигар аксар ҷавонони зери синни 27 муваққатан аз хидмат озоданд.

Дар сурати қабул шудани пешниҳоди Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, синни даъват ба артиш боло бурда мешавад ва ҷавонони то 30-соларо ба хидмат ҷалб мекунанд.

Сергей Кривенко, намояндаи созмони ҳомии ҳуқуқи башар – “Шаҳрванд. Артиш. Ҳуқуқ” – мегӯяд, "инҷо ҳадаф бештар кардани муҳлати ҷалби ҷавонони синни даъват ба хидмат дар артиш ва аз ин роҳ зиёд кардани сарбозон аст."

Ҷавононе, ки дар солҳои 1995, 1994 ва 1993 таваллуд шудаанд, соли 2023-юм 28, 29 ва 30-сола мешаванд. Онҳо дар даврае таваллуд шудаанд, ки Русия дар оғози фурӯравӣ ба “чоҳи демографӣ” қарор дошт. Яъне, дар кишвар камшавии аҳолӣ шуруъ шуда буд. Бино ба таҳлили ҷомеашинос, Алексей Рашки, агар ҳоло ҳукумати Русия синни даъватро ба хидмат боло барад, шумори даъватшавандаҳо ба артиш садҳо ҳазор нафар зиёд мешаванд.

“Бино ба нуфусшумории соли 2010 ва ҳисобҳои минбаъда, агар шумори мардони 18-27-сола то оғози соли оянда 7,3 миллион бошанд, шумори ҷавонони 21 то 30-сола ба 7,6 миллион мерасад. Фарқият 300 ҳазор нафар аст,” – шарҳ дод ӯ.

Чаро Русия мехоҳад синни даъвати ҷавонон ба артишро боло барад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Қисме аз ҷавонони зери синни 30 баъд аз оғози басеҷ (басиҷ, мобилизатсия) ба артиш, барои муддате кишварро тарк карданд, аммо гурӯҳе ҳам дубора баргаштаанд ва имкон дорад, онҳо ба хидмат даъват шаванд.

Мавсими баҳории даъват ба артиш дар Русия аз якуми апрел оғоз мешавад. Агар пешниҳоди вазири дифоъ қабул гардад, ҷавонони болотар аз синни 27-ро ба артиш мегиранд.

Сергей Шойгу ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ба сарбозон имкон дода шавад, аз рӯзи аввали хидмат бо Вазорати дифоъ қарордод банданд. Ин ба он маъност, ки сарбоз баробари оғози хидмат метавонад, ба ҷанг бурда шавад.

Ҷомеашинос Алексей Ракши ба ин бовар аст, ки ин тағйирот ба мизони таваллуд дар ин кишвар пайомади бад хоҳад дошт. "Дар кишвари мо синни баландтарини таваллуд барои занон 29 ва барои мардон 32-солагӣ аст. Аз нигоҳи демографӣ ҷалби ҷавонони зери ин син ба хидмат хеле бадтар аз он аст, ки масалан ҷавонони синни 18-20-сола ба артиш ҷалб шаванд," – афзуд ӯ.

Баъзе аз мансабдорони Русия ба хабаргузории расмии ТАСС гуфтаанд, эҳтимол пешниҳоди вазири дифоъ дар мавриди боло бурдани синни даъват соли 2023 қабул шавад. Ҳомиёни ҳуқуқ аз он нигаронанд, ки мумкин аст ҷалби ҷавонони 27-30-сола аз ҳоло дар Русия шуруъ шавад.

Талоши мақомоти Русия барои тағйири шеваи хидмат дар артиш ва зиёд кардани сафи сарбозон дар ҳолест, ки коршиносон ҳадс мезадананд, эҳтимол мавҷи нави басеҷ (басиҷ, мобилизатсия) аз моҳи январ сар шавад. Раиси ҷумҳур Владимир Путин инро рад карда, гуфтааст, барои эълони басеҷ (басиҷ, мобилизатсия)-и нав зарурат нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG