Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илон Маск гуфт, аз раёсати Twitter меравад, агар...


Миллиардер Илон Маск гуфтааст, пас аз ёфтани ҷойнишин аз вазифаи мудири иҷроияи Твиттер истеъфо медиҳад. Дар айни замон афзуда, ки баъзе аз бахшҳои калидии шабакаро шахсан мудирият хоҳад кард.

Маск рӯзи чоршанбе дар Твиттер навишт, ба маҳзи ёфтани касе, ки “он қадар аҳмақ бошад, ки ин корро қабул кунад”, аз вазифаи мудири кул истеъфо хоҳад дод. “Пас аз он, танҳо бахши нармафзор ва серверҳоро мудирият мекунам,” – гуфт ӯ.

Ин тасмим баъди он эълон шуд, ки мудири Тесла ва молики Твиттер рӯзи якшанбе аз корбарон пурсид, оё бояд аз раёсати Твиттер биравад ё бимонад.

Танҳо дар як соати аввал беш аз як миллион нафар дар назарсанҷӣ иштирок карда, зиёда аз 57 дарсад ба рафтани ӯ ройи мусбат доданд.

Давраи кӯтоҳи мудирияти Маск дар Твиттер бо сиёсатҳои наву ҷанҷолӣ ҳамроҳ буд ва боиси вокуниши сахти баъзе аз корбарон ва рӯзноманигорону расонаҳо шуд.

Маск моҳи октябри имсол шабакаи Твиттерро ба 44 миллиард доллар харид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG