Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушорикати 9-дарсадӣ дар интихоботи Тунис. Мухолифон хостори истеъфои президент шуданд


Дар пайи иштироки бисёри ками мардум дар интихоботи порлумонии Тунис, аҳзоби мухолифи ин кишвар хостори истеъфои президент Қайс Саид шуданд.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", танҳо 9 дарсади афроди дорои ҳаққи раъйдиҳӣ, дар интихоботи порлумонӣ ширкат кардаанд. Аҳзоби мухолиф ин ҳолатро "шармандагии сиёсии ҳизби ҳоким" хондаанд.

Қайс Саид барои таҳкими ҷойгоҳи сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодии мавриди назари худ чанд моҳ пеш порлумони он кишварро пароканда кард ва дастур дод, ки интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шавад.

Ин фақат яке аз иқдомҳои Қайс Саид барои афзоиши қудрати сиёсии худ дар Тунис -- гаҳвораи инқилобҳои "баҳори арабӣ" аст.

Президент Зайналобиддин бин Алӣ дар соли 2011 дар пайи эътирозҳое, ки саросари Тунисро фарор гирифт, ба Арабистони Саудӣ гурехт. Ӯ ҳудуди 24 сол қудратро дар ихтиёр дошт.

Аз он замон, Тунис танҳо кишвари инқилобкардаи арабӣ будааст, ки низоми демократӣ доштааст. Аммо гурӯҳҳои мухолиф мегӯянд, ки Қайс Саид дар назар дорад дубора низоми диктаториро ба кишвар бозгардонад.

Ӯ дар моҳи июли имсол низ ҳамапурсии Қонуни асосиро баргузор кард ва танҳо 30 дарсади афроди дорои ҳаққи раъйдиҳӣ дар ҳамапурсӣ иштирок карданд.

Гузориши Комиссияи интихоботи Тунис мегӯяд, аз 10 миллион шаҳрванде, ки дорои ҳаққи раъйдиҳӣ мебошанд, танҳо 800 ҳазор нафар дар интихоботи порлумонӣ иштирок кардаанд.

Ин ба он маъно аст, ки мизони иштирок дар интихобот танҳо 9 дарсад будааст. Дар интихоботи қаблӣ, ки соли 2019 баргузор шуд, 40 дарсад аз интихобкунандагон иштирок карда буданд.

Ҳизби мухолифи "Ан-Наҳза" дар вокуниш ба мушорикати ками раъйдиҳандагон, бо нашри паёме дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ эълон кард, "аз мардуми бузурги Тунис сипосгузорем. Мардум интихоботро таҳрим карданд".

Аҳмад Наҷиб, раиси эътилофи "Ҷабҳаи раҳоӣ"-и иборат аз панҷ ҳизби мухолиф низ натиҷаи мушокирати ками мардумро "зилзилаи сиёсӣ бо паёмадҳои чашмгир" хонд ва хостори истеъфои президент Қайс Саид шуд.

Аммо Форуқ Буаскар, раиси Комиссияи интихоботии Тунис иддао кардааст, ки сабаби иштироки ками мардум дар интихобот, қонунҳои нав буд будааст, ки дасти номзадҳо барои "хариди оро бо ришва"-ро бастааст.

Мунтақидон мегӯянд, Қайс Саид интихоботро бе дахолати аҳзоби сиёсӣ ё ҷомеаи маданӣ тарроҳӣ кардааст.

Нерӯҳои мухолиф интихоботи қаблии порлумониро ҳам таҳрим карда буданд ва баъд аз иштироки ками мардум, эътилофи "Ҷабҳаи раҳоӣ" хостори эътирозҳои хиёбонӣ барои фишор ба Қайс Саид барои истеъфо шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG