Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро аз Беларус оварданд


Олег Кубарев
Олег Кубарев

Олег Кубарев, мутахассиси футбол аз Беларус, сармураббии нави дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таъйин гардид. Вай дар ин вазифа Аҳлиддин Турдиевро, ки ба кори дигар гузашт, иваз намуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Олег Кубарев, рӯзи 15-уми декабр дар ҷаласаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) ба ҳайати даста муаррифӣ шуд. Ин мутахассиси 56-сола мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 омода мекунад. Дар назди ӯ вазифа гузошта шудааст, ки дастаро ба қаҳрамонии ҷаҳон-2023 барорад.

Бояд гуфт, ки қаблан Олег Кубарев бошгоҳҳои футболи Беларусро, ба мисли «Гомел», «Шахтёр» (Солигорск), «Торпедо-БелАЗ» ва «Крумкачи» сарварӣ мекард. Инчунин ӯ дар бошгоҳҳои Латвия - «Спартак» (Юрмала), «Рига» ва «Елгава», дастаҳои Молдова - «Зимбру» ва «Дачия» - кор кардааст.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии «International Thanh Nien Cup», ки аз 6-ум то 12-уми январ дар Ветнам баргузор мешавад, ширкат меварзад. Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам, Тайланд ва Малайзия мебошанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Урдун (2-юми март), Умон (5-уми март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-уми март) бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси қуръакашӣ 16 дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2023 миёни ҷавонон чаҳор дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Зимнан, дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» дар Душанбе ғолиб шуд, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.

Футболбозони ҷавони тоҷик бори панҷум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифтанд. Онҳо қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар Ҷоми Осиё иштирок карда буданд. Мусобиқа то соли 2006 ҳамчун қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон ҳар сол доир мегашт, аз соли 2008 миёни ҷавонони то 19-сола дар ду сол як маротиба баргузор мешуд. Нахустин бор аст, ки Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 20-сола доир мегардад.

XS
SM
MD
LG