Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс 6 медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои ихроҷкунандаи нафт ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов, ки рӯзҳои 5-10-уми декабр дар Белоярски Русия баргузор шуд, шаш медал (ду нишони тило, 1 нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки бори 19-ум доир гардид, бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Беларус, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд. Рақобатҳо аз рӯи 11 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон сурат гирифт.

Дар рӯзи охирини Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт муҳорибаҳои ниҳоӣ миёни мардон доир шуд. Муштзани тоҷик Шамшер Саидов дар вазни то 67 кило медали тилло ба даст овард. Ӯ дар финал Руслан Пидгирняки русиягиро шикаст дод.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи мардон боз ду медали дигар ба даст оварданд. Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни то 86 кило медали нуқра ва Некрӯз Салимов дар вазни то 80 кило медали биринҷӣ гирифтанд.

Қаблан дар мусобиқа миёни занон Миҷгона Самадова дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило медали тило ба даст оварда буд. Ӯ дар финал Евгения Лочкановаи русиягиро мағлуб кард. Зимнан, Миҷгона соли гузашта низ ба гирифтани медали тилои Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои ихроҷкунандаи нафт даст ёфта буд.

Баъди пирӯзӣ ғолиби дукаратаи Ҷоми ҷаҳонии бокс Миҷгона Самадова гуфтааст, «қувваозмоии ниҳоӣ хеле душвор буд, баъди нимфинал тахтапуштам сахт дард мекард. Аммо ман ба хотири ватанам ва модарам ҳунарнамоӣ кардам ва хушбахтона пирӯз шудам. Ҳамаи рақибонам ин ҷо хеле қавӣ ва сазовор буданд. Ман фикр мекунам, ки ба туфайли суръат ва таҷриба ғолиб омадам. Ман ҳадаф доштам ва ба он сазовор шудам.”

Дар мусобиқаи занон ду варзишгари дигари тоҷик – Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни то 81 кило ҷойҳои сеюмро гирифта, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG