Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

BBC ва "Медиазона" марги 10 ҳазор сарбози русро дар Украина ошкор карданд


APTOPIX Ҷанги Русия дар Украина
APTOPIX Ҷанги Русия дар Украина

Аз оғози ҷанги Русия дар Украина, 10 002 сарбози рус кушта шудааст. 430 нафари онҳо афроде будаанд, ки баъди эълони мобилизатсия ба ҷанг сафарбар шуданд.

Таҳқиқоти нави якҷояи Би-би-сӣ бо хабарнигорони “Медиазона” дар бораи талафоти Русия дар ҷанг, маълум кардааст, ки то рӯзи 9-уми декабр бештар аз ҳама низомиён аз минтақаи Красноярск кушта шудаанд. Аз ин минтақа 420 нафар дар ҷанг ҳалок шудаанд.

Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, дар бораи 40 дарсади кушташудаҳо аз ин минтақа дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ягон маълумот набуд. Ин далел пас аз таҳқиқи дафнҳо дар қабристонҳои маҳаллӣ ошкор шудааст. Шумори кушташудаҳо аз Доғистон (363) ва Бурятия (356) ҳам дар ҷанги Русия дар Украина зиёд будааст.

Дастикам 1509 нафар ё 15 дар сади кушташудаҳо афсарон будаанд. Дар миёни ҳалокшудаҳо чор генерал ва 49 сарҳанг “полковник” ҳисоб шудааст.

Тибқи натиҷаи таҳқиқоти хабарнигорон, 349 нафари мобилизатсияшуда дар минтақаҳои ҷанг дар ҳудуди Украина кушта шудаанд. 36 нафар то рафтан ба ҷанг, дар Русия ба ҳалокат расидаанд. Дар аксар ҳолатҳо сабаби марги низомиён дар пайи бемории дил, ҳолатҳои тасодуфӣ ва истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ будааст

Дар ҳамин ҳол хабарнигорони таҳқиқотгар мегӯянд, теъдоди сарбозони фавтида метавонад бештар бошад. Онҳо ҳадс мезананд, ки эҳтимол шумори кушташудаҳои артиши Русия дар Украина ба 20 ҳазор нафар баробар аст. Дар маҷмӯъ, теъдоди сарбозони куштаву захмӣ ва беномунишоншударо тақрибан 90 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд.

Моҳи ноябри имсол Пентагон шумори кушташудаҳо ва захмиёни Русияро дар ҷанги Украина беш аз 100 ҳазор нафар арзёбӣ карда буд.

Русия рӯзи 24-уми феврал бесабаб ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг ҳазорон нафар куштаву миллионҳо нафар фирорӣ шуданд. Ҳоло хабарҳое нашр мешаванд, ки Русия шаҳрвандони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷиконро ба ҷанг ҷалб мекунад.

XS
SM
MD
LG