Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон 25 кас бо гумони омодагӣ ба табаддулот дастгир шуданд


Мақомоти қудратии Олмон субҳи 7-уми ноябр дар натиҷаи як амалиёти густурда 25 узви ҳаракати ростгарои ифротии ин кишварро бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ дастгир карданд.

Дар амалиёт ҳудуди се ҳазор маъмури неруҳои амниятии Олмон иштирок карда, дар натиҷаи он 137 иншооти 57 гумонбар дар Баден-Вюртемберг, Бавария, Гессен, Саксонияи Поён, Китсбюэли Австрия ва Перуҷаи Италия бозҷӯӣ шудааст.

Вазири адлияи Олмон Марко Бушман дар Твиттер навишта, ки "додситонии федеролӣ фаъолияти як шабакаи террористиро дар миёни "рейхсбургҳо" таҳқиқ мекунад. Гумон меравад, ки ҳамлаи мусаллаҳонае бар зидди мақомоти конститутсионӣ тарҳрезӣ карда шудааст".

Дасти кам 25 кас боздошт шудааст. Аз ин миён 22 нафар дар узвият ба созмон ва 3 тани дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Русия ба ҷонибдории он гумонбар мешавад. Тавре додситонии Олмон гуфтааст, зани рус гӯиё ба аъзои ин созмон кӯмак кардааст, то бо намояндагони Кремл дар Олмон тамос гиранд.

Хабаргузории ТАСС дар посух ба иддаои мақомоти Олмон як изҳороти муқобилро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, "намояндагиҳои дипломатии Русия дар Олмон бо намояндагони ягон сохтори ғайриқонунӣ иртибот надоранд".

Вазорати умури хориҷии Русия ҳамчунин гуфт, афроде, ки дар омода кардани табаддулоти давлатӣ дар Олмон гумонбар мешаванд, "бо намояндагони Федератсияи Русия тамос гирифтанд, аммо дастгирӣ наёфтанд".

XS
SM
MD
LG