Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз некиҳои Сорос гуфтанд, вале на ҳама. ВИДЕО


Ҷорҷ Сорос соли 2011 ба Тоҷикистон сафар карда буд.
Ҷорҷ Сорос соли 2011 ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Дар Душанбе даҳҳо корманди имрӯзаву собиқи Институи “Ҷомеаи боз” – Бунёди мадад ва ҳам созмонҳои ҷамъиятии ҳамкори онҳо дар маросиме охири ҳафтаи гузашта аз дастовардҳову натиҷаҳои кори ин созмон ёдовар шуданд.

Созмоне, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, рушди демократия, иқтисод, маориф, фарҳанг ва тандурустии мардуми Тоҷикистон 25 сол хидмат кардааст, дафтарашро мебандад. Созмони мазкур, ки бо номи Бунёди Сорос ҳам шинохта мешавад, барои ин ҳадафҳо беш аз 70 миллион доллар харҷ кардааст.

Гулнора Бекназарова, раиси Шӯрои Бунёди “Ҷомеаи боз” мегӯяд, тасмими бастани дафтари намояндагӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби бунёди глобалии он гирифта шудааст, вале ин ба маънои хатми ҳамкорӣ бо Душанбе нест. Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 2 декабр гуфт: “Ман инро хатми кор неву тағйири шакли кор меномам. Фанновариҳои иттилоотӣ ҳамаро хеле тағйир доданд. Агар касе фикр кунад, ки ҳама чизе, ки бояд мешуд, аллакай тамом шуд, дуруст нест ва ҳама чиз дар ҳоли тайғир ёфтан асту шаклҳои кори пешина дигар натиҷа намедиҳанд”.

Бекназарова мегӯяд, саҳми ин созмон дар ҳалли чандин мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон зиёд аст ва “пуштибонӣ аз моратория ба ҳукми қатл, таъсиси эътилофи зидди шиканҷа, беҳбуди сифати хидматрасонии тиббӣ, мусоидат ба таҳсили афроди имконияташон маҳдуд, сармоягузорӣ ба маориф” аз намунаҳои ин корҳо аст. Вале муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи ӯ, “сармоягузорӣ ба инсон мебошад”.

Видеоро инҷо бубинед:

Дар Тоҷикистон аз некиҳои Сорос гуфтанд, вале на ҳама
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:23 0:00

Фаъолияти бунёде, ки дар забони мардум бештар бо исми муассисаш – тоҷири эҳсонкори амрикоӣ Ҷорҷ Сорос шинохта шудааст, на ҳамеша ҳамвору беовоза будааст. Баъди инқилобҳои мардумӣ дар бархе ҷумҳуриҳои шуравии собиқ садои мунаққидон баландтар шуд. Навозандаву соҳибкори сокини Душанбе Олим Ширинов аз шумули мухолифони фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Дар робита бо Бунёди Сорос. Аз назари шахсии ман, тавассути ҳар гуна созмонҳои ғайритиҷоратӣ омода кардани издиҳоме аст, ки онро тавассути вазифаҳои мушаххас, аз ҷумла, сиёсӣ идора карда мешавад. Масалан аз роҳи ташаккул додани афкори умуми ҷавонон. Мо бо Федератсияи Русия ҷараёнҳои ҳамгироиро пеш мебарем. Пештар мо дар ҳайати Императории Русия будем, баъд бахше аз Иттиҳоди Шӯравӣ будем. Баъди пошхӯрии шӯравӣ ҷараёнҳои ҳамгироӣ бо сабабҳои мухталиф каме суст шуданд ва ҳоло фаъолтар шудаанд. Албатта ин чизҳо ба шарикони ғарбии мо хуш намеояд”.

Онҳое, ки кори созмонро дар Тоҷикистон аз дохил мешиносанд, бо чунин андешаҳо розӣ нестанд. Алмаз Сайфиддинов солҳои 2016 то 2021 раҳбарии шӯрои Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва аз назари ӯ, арзишҳои мисли гуногунандешӣ ва озодии баён аз ҳамон рисолатҳои калидии созмон аст, ки давоми 25 сол тавонист дар ташаккулёбии он дар ҷомеаи Тоҷикистон саҳмгузор шавад.

Ҷорҷ Сорос бо Алмаз Сайфиддинов ва Анатол Калезки. Акс аз Almaz Saifutdinov/Open Society Foundations
Ҷорҷ Сорос бо Алмаз Сайфиддинов ва Анатол Калезки. Акс аз Almaz Saifutdinov/Open Society Foundations

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Агар ба мақоми Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ нигоҳ кунем, баъзе одамоне ҳастанд, ки ҳамоно мафкураи шӯравӣ доранд: “як кишвари азим, сиёсати воҳид” - ин танҳо чизест, ки онҳо қабул карда метавонанд. Тоҷикистон 30 сол аст, ки кишвари мустақил аст ва ҳамчун як субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мо ҳақ дорем, ки бо роҳи интихобкардани худамон рушд кунем. Ҷомеа мехоҳад, рушд кунад ва ҳамаи имкониятҳо ҳаст. Рушди бисёрсамта. Аз ин рӯ, вуҷуди афкори гуногун як ҷараёни хуби ҷамъиятӣ аст. Бигузор гуногунандешӣ бошад. “

Дилрабо Самадова, ки давоми даҳ сол дар садри Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бо ёрии Бунёди Сорос бар зидди қонуншиканӣ дар артиши Тоҷикистон кор кардааст, вуҷуди “ғаразҳои” дигарро рад кард. Ӯ мегӯяд, ки ин созмон “ба ғайр аз ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин дастгирии бузургро ба мақомоти ҳукуматӣ мерасонд: вазорати тандурустӣ, вазорати маориф, бисёри барномаҳои мақомоти давлатӣ, қудратӣ маҳз бо дастгирии грантиву мутахассисони Бунёди Сорос ба роҳ монда мешуд. Агар Сорос ғаразҳои худро медошт, вай пештар аз тарафи мақомоти қудратӣ бо қарори мақомоти қудратӣ маҳкам карда мешуд”.

Некӣ дар ҳаққи маъюбон

Аз назари ин ҳомии ҳуқуқи инсон, саҳми азимтарини Бунёди Сорос дар Тоҷикистон дар беҳбуди вазъи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир мушоҳида мешавад. Ӯ гуфт: “Солҳои зиёд Бунёди Сорос қадам ба қадам кӯдакони маъюб аз хонаҳо баровард, фикру ақидаи ҷомеаро нисбати кӯдакони нуқсдор дигар кард, шароит дар ҳамаи мактабҳо таҳсил гирифтан фароҳам оварданд, дар ҳамкорӣ бо шарикони мисли вазорати тандурустӣ ва маориф. Шароити кӯдакони маъюб бо вазъе, ки даҳ солу бист сол пеш буд, тамоман фарқ мекунад.”

Коргардон Лолисанам Улуғова дар солҳои 2014 то 2019 масъули барномаи “Ҳунари фаъолияти иҷтимоӣ” дар Бунёди Сороси Тоҷикистон буд ва, ба гуфтааш, “имкони ибрози андеша тавассути фарҳангу ҳунарро” аз дастовардҳои муҳиме медонад, ки рӯҳияи Бунёди Сорос онро бо тарҳҳояш талқин мекард. Ӯ гуфт: “Институти Ҷомеаи кушода-Бунёди Мадад дар ташаккули ҷашнвораи синамои “Дидор” ҳамаҷониба ёрӣ кардааст ва ба шарофати он сокинони Тоҷикистон ҳазорҳо филмҳои хуберо, ки дар ҷашнвонаҳои байналмилалӣ намоиш медоданд, дида тавонистанд. Бо заҳматҳои тиме ба раҳбарии Саъдулло Раҳимов, арт-директори ин ҷашнвора “Энсиклопедияи кинои тоҷик” нашр шуд, “Афсонаҳои халқи тоҷик” нашр шуд, ба Бунёди Зиёдулло Шаҳидӣ кӯмак карданд, китоби “Суруду таронаҳо” нашр шуд. Ба ҷашнвораи мусиқии касбии “Баҳористон”, ҷашнвораи кӯдакони “Донак” ёриҳо кардааст. Ҷашнвораи “Нигоҳи нав” пайдо шуд, ки театри ҳуҷҷатиро равнақ дод ва барои фаъолияти театрӣ кӯмак кард. Мутаассифона, бояд эътироф кунем, ки яке аз муассисони ҳаракати театрӣ Далери Имомалӣ ҳоло пушти панҷара аст”.

Бунёди Сорос дар соли 1996, ҳанӯз замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, дафтарашро боз кард, мусоидат дар сулҳ ва рушди ҷомеаро аз ҳадафҳои асосӣ номид. Вале ба андешаи Алмаз Сайфиддинов, ҳоло ҳам охири кор нест: “Аз аввали соли 2021 фонди глобалии “Ҷомеаи боз” самти корашро ба тақвияти ҳуқуқи инсон дар сатҳи ҷаҳонӣ равона кардааст. Корро дар самти рушди демократии ҷомеаҳо дар ҷаҳон тақвият медиҳад. Ин тағйирот ба Тоҷикистон ҳам рабт гирифт, вале иҷрои ин тарҳҳо акнун аз бюрои дигари минтақавӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд. Бале, аз як сӯ мо намояндагии бунёдро дар Тоҷикистон мебандем, вале созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон акнун метавонанд, бо ин фонд дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунанд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG