Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тошканд аз набудани гармӣ дар баландошёнаҳо шикоят доранд


Сокинони шаҳри Тошканди Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд, ки дар панҷ бинои 12-ошёнаи зист дар кӯчаи Нуқуси пойтахт низоми гармидиҳӣ кор намекунад.

"Аллакай се рӯз мешавад, низоми гармидиҳӣ дар 12-ошёнаҳои воқеъ дар кӯчаи Нуқус кор намекунад. Хонаҳо сард аст ва "Таштеплоэнерго" танҳо як посух - "фишор нест" дорад. Барои ҳалли ин мушкил бояд ба куҷо муроҷиат кард? Ҳоло аввали зимистон аст", - навиштааст яке аз сокинони баландошёнаҳои Тошканд дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Расонаҳо рӯзи 4 декабр хабар доданд, ки мақомоти шаҳри Тошканди Узбекистон нуқтаҳои фурӯши газро муваққатан бастанд. Дар хабари шаҳрдории Тошканд омадааст, ки ба далели фишори пасти газ чунин тасмим гирифта шудааст.

Ширкати "Ҳудудгазтаъминот"-и Узбекистон хабарҳоро дар бораи чанд рӯз баста шудани нуқтаҳои фурӯши газро рад кард.

XS
SM
MD
LG