Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори Раёсати тандурустии Бадахшон боздошт шудааст


Акс аз саҳифаи фейсбукии Фарид Музаффаров
Акс аз саҳифаи фейсбукии Фарид Музаффаров

Фарид Музаффаров, сардори раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шудааст. Назари худи ӯ ба қазия маълум нест ва наздиконаш ҳам аз суҳбат худдорӣ кардаанд.

Дар ҳукумати Вилояти Бадахшон хабари боздошти Фарид Музаффаровро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

"Музаффаров ба фасодкорӣ гумонбар дониста мешавад ва парвандаашро Додситонии вилоят таҳқиқ дорад. Фарид Музаффаров аз вазифааш барканор шудааст. То анҷоми тафтишот ва баромадани қарори додгоҳ мо дигар шарҳе дода наметавонем,"-гуфтанд дар ҳукумати вилояти Бадахшон.

Се манбаи мустақили Радиои Озодӣ гуфтанд, Фарид Музаффаров рӯзи 30 ноябр боздошт шудааст. Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, сардори ҳамакнун собиқи Раёсати тандурустии ВМКБ барои яке аз табибон ду штат ё ҷойи корӣ ҷудо карда, як маошро бо он табиб тақсим кардааст.

Талошҳои мо барои суҳбат бо пайвандони Фарид Музаффаров бенатиҷа буд. Онҳо аз суҳбат бо мо худдорӣ карданд. Маълум нест, ки Музаффаров бо вакили дифоъ таъмин аст ё не.

Бахши тандурустӣ яке аз ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад ва ҳамасола чандин кормандони ин бахш бо иттиҳоми фасодкорӣ дастгир мешаванд. Ҳарчанд интиқодҳое ҳам ҳаст, ки мубориза бо фасод дар Тоҷикистон асосан ба табибу муаллим маҳдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG