Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Истаравшан ба латукӯб ва марги кӯдаки сесола гумонбар шуд


Даромадгоҳи шаҳри Истаравшан. Акс аз бойгонӣ
Даромадгоҳи шаҳри Истаравшан. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон, як сокини шаҳри Истаравшанро барои латукӯб ва то дами марг азоб додани тифли сесола ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар барномаи телевизиониаш рӯзи 1-уми декабр хабар дод, ки модари тифл аз ноҳияи Бустони вилояти Суғд барои кор ба муҳоҷират рафта, се фарзандашро барои нигоҳубин дар ихтиёри оилаи дигаре гузоштааст.

Вазорат мегӯяд, кӯдаки 3-сола барои қазои ҳоҷат ва олуда кардани либосаш бераҳмона шиканҷа шуда, фавтидааст. Ба гуфтаи мақомот, ташхиси тиббӣ судӣ дар бадани тифл осори латту куби шадид ва доғи сухтагиро ошкор кардааст. Шаҳбоз Ҳусейнов парастори 21-сола аз шаҳри Истаравшан ба ин ҷиноят гумонбар дониста мешавад. Назари шахси муттаҳам дар марги кӯдак ба Радиои Озодӣ дастрас нест. Ӯ тибқи шартномаи шифоҳӣ ва бар ивази маблағ тарбияву нигоҳубини се фарзанди як зани муҳоҷирро ба ӯҳда гирифта будааст. Ба иттилои мақомот парастор ин кӯдаконро якҷо бо фарзандони худ дар хонаи иҷорааш тарбия мекард.

Мақомот ӯро ба расонидани зарари марговар ба сиҳатии инсон муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG