Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентони Узбекистон ва Қирғизистон ба баҳси марзӣ нуқта гузоштанд


Обанбори Кампиробод. Акс аз октябри соли 2022
Обанбори Кампиробод. Акс аз октябри соли 2022

Президентони Қирғизистон ва Узбекистон чанд санади марбут ба аломатгузории марз миёни ду кишвар, аз ҷумла, созиши мудирияти обанбори Кампирободро имзо карданд.

Ин марҳилаи ниҳоии созиши ду кишвар дар мавриди таъину аломатгузории марзи миёни Узбекистону Қирғизистон дониста мешавад.

Сарнавишти обанбори мазкур мояи баҳсу ихтилофҳои шадид дар дохили ҷомеаи Қирғизистон шуд. Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, ки санадҳо рӯзи 29-уми ноябр имзо шуданд. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, қонун дар бораи тасдиқи Созишнома байни Қирғизистон ва Узбекистонро рӯзи 1-уми декабр имзо кард.

Сомонаи президенти Узбекистон хабар медиҳад, ки созишномаи қитъаҳои алоҳидаи марзӣ аз 13 модда иборат аст. Созишномаи обанбори Кампиробод бошад, аз 11 модда. Комисияи муштараки мудирияти обанбор ташкил ва фаъолияти он тасдиқ шудааст.

Ин созишнома рӯзи 3-юми ноябр аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Қирғизистону Узбекистон имзо шуда буд.

Рӯзи 17 ноябр порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи марзӣ ва Созишнома оид ба мудирияти муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон қабул кард.

Ин санадҳо аз ҷониби порлумони Узбекистон низ тасдиқ шуданд.

Дар порлумони Қирғизистон тасдиқи санадҳои мазкур баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

Сарнавишти обанбори мазкур мояи баҳсу ихтилофҳои шадид дар дохили ҷомеаи Қирғизистон шуд.

Обанбори Кампиробод, ки онро дар Узбекистон обанбори Андиҷон меноманд, соли 1983 бунёд шудааст. Он дар ҳудуди водии Фарғона ҷойгир буда, манбаи муҳими об ба ҳисоб меравад. Узбекистон, ки 35 миллион аҳолӣ дораду панҷ баробар бештар назар ба Қирғизистон аст, аксар захираҳои оби онро истифода мекунад. Бисёр фаъолони мадании Қирғизистон, сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат ва сокинони атрофи обанбор бо ин созиш розӣ нестанд ва ба ин андешаанд, ки Узбекистон набояд аз обҳои ин обанбор истифода кунад ва замини обанбор бояд дар ихтиёри Қирғизистон монад.

Моҳи октябр беш аз 20 аъзои гурӯҳи ҷамъиятии Кумитаи дифоъ аз Кампиробод, ки ба таври ошкор мухолифи созиш баромад карданд, бо қарори додгоҳҳои Бишкек боздошт ва ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ фиристода шуданд. Ин нафарон дар тарҳрезии нақшаи ошӯб гумонбар дониста мешаванд. Дар миёни боздоштшудаҳо собиқ сафири Қирғизистон дар Малайзия Азимбек Бекназаров, собиқ узви маҷлис Осия Сасиқбоева, сиёсатмадорони шинохта Қанат Исоев, Ҷенис Молдокматов ва Равшан Ҷеенбеков ва бисёр дигар фаъолони ҷамъиятиву ҳомиёни ҳуқуқ мебошанд.

Ҷабборов ва тарафдоронаш иддао мекунанд, ки ин созиш ба манфиати Қирғизистон ва ҳам кишоварзони ин кишвар аст ва аз он фаровон истифода хоҳанд кард. Қирғизистон ва Узбекистон 1300 км марзи муштарак доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG