Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори Қатар гуфт, зимни омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонӣ садҳо коргар фавтидааст


Варзишгоҳи "Ал-Байт"
Варзишгоҳи "Ал-Байт"

Дар ҷараёни сохтмони иншоот барои баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то 500 коргар фавтидааст. Дар ин бора Ҳасан ал-Тавадӣ, як мансабдори баландпояи қатарӣ хабар дод, ки дар корҳои ташкилии мусобиқа ширкат кардааст.

Пештар аз ин мақомоти Қатар марги даҳҳо касро тасдиқ карда буданд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ теъдоди маргу мирро то ҳазор кас баҳо медоданд.

Мақомоти Қатар бори аввал аст, ки марги 500 касро тасдиқ мекунанд. Ал-Тавадӣ дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзноманигори бритониёӣ Пирс Морган хабар дод. Ба навиштаи Associated Press, ин маълумот дар ҷараёни гуфтугӯи бидуни сабт баён шудааст.

Чанде аз гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқ Қатарро барои истифодаи неруи муҳоҷирони корӣ дар ҷараёни сохтмони иншоот барои Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 танқид карда буданд. Дар Қатар бо харҷи бештар аз 200 млрд доллар чанд варзишгоҳ, хатҳои метро ва дигар иншоот сохта шуд.

XS
SM
MD
LG