Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 47 мусофирро аз сардӣ наҷот додаанд


Қарағанда, Қазоқистон
Қарағанда, Қазоқистон

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон шаби 28-уми ноябр 47 мусофирро аз Тоҷикистон аз сардӣ наҷот додаанд. Ба иттилои расмӣ, мусофирбари онҳо, ки ба самти Русия равона буд, дар биёбони сарди Қарағанда вайрон шуд.

Маъмурони наҷоти Қазоқистон онҳоро бо хӯроки гарм таъмин карда, автобусро ба ҷойи мувофиқтар бурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ба ронандагон ҳушдор додааст, ки пеш аз сафар ҳолати техникии мошинҳои худро дурусттар аз назар гузаронанд, то ба чунин мушкил дучор нашаванд.

Мақомоти тоҷик пештар гуфта буданд, ки рӯзе аз 3 то 5 автобус муҳоҷиронро аз Тоҷикистон ба Русия мекашонанд. Сафар ба Русия ба воситаи автобус арзон аст, аммо муҳоҷирон бояд аз чаҳор рӯз то як ҳафта дар роҳ бимонанд. Онҳо ҳудуди Узбекистону Қазоқистонро мегузаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG