Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъи фавқулода ба далели сардӣ дар як шаҳри Қазоқистон


Мақомоти шаҳри Экибастузи вилояти Павлодари Қазоқистон баъди як рӯзи аз кор мондани маркази барқу гармидиҳии шаҳр дар ҳавои то 30 дараҷа сард вазъи изтирорӣ эълон карданд.

"Раиси шаҳр ба далели садама дар шабакаҳои гармидиҳӣ ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти техногенӣ эълон кард. Реҷаи изтирорӣ то анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шаҳр амал мекунад", - омадааст дар хабари шаҳрдорӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷамъан дар ин шаҳр ҳудуди 130 бинои баландошёнаи зист бегармӣ мондаанд.

Расонаҳо хабар доданд, ки рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳр боғчаҳо кор намекунанд ва мактабҳо ба омӯзиши фосилавӣ мегузаранд.

Садама дар маркази барқу гармидиҳии Экибастуз 27-уми ноябр рух додааст. Ин шаҳр 150 ҳазор аҳолӣ дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG