Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Эрон ва Сенегал, мусовии Англия бо ИМА 


Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2022
Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2022

25-уми ноябр, дар рӯзи шашуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар, чаҳор бозии даври дуюм дар гурӯҳҳои А ва В баргузор шуд.

Даври дуюми мусобиқаи гурӯҳӣ бо бозӣ миёни тимҳои миллии Уэлс ва Эрон оғоз ёфт. Ин бозии гурӯҳи В, ки дар варзишгоҳи “Аҳмад бин Алӣ”-и шаҳри Ар-Райён доир гардид, бо пирӯзии футболбозони Эрон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Ҳарду гол дар охири бозӣ зада шуд. Бозигарони эронӣ Рӯзбеҳ Чашмӣ (90+9) ва Ромин Ризоён (90+11) ду бор тӯбро ба нишон расонданд.

Бояд зикр намуд, ки дар дақиқаи 86-ум дарвозабони мунтахаби Уэлс Уэйн Ҳеннеси берун аз ҷаримагоҳ муқобили рақибаш хатар эҷод кард, аз майдон хориҷ шуд.

УЭЛС – ЭРОН – 0:2

Голҳо: Рӯзбеҳ Чашмӣ, 90+9 (0:1), Ромин Ризоён, 90+11 (0:2).

Огоҳӣ: Ҷо Родон, 45, Ромин Ризоён, 90, Алиризо Ҷаҳонбахш, 90.

Корти сурх: Уэйн Ҳеннесси, 86.

Сардовар - Марио Эскобар (Гватемала).

25 ноябр. Ар-Райён. Варзишгоҳи «Аҳмад бин Алӣ».

Бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи В, ки миёни дастаҳои Англия ва ИМА дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Ал-Ҳавр доир гардид, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.

Гурӯҳи B

АНГЛИЯ – ИМА – 0:0

Сардовар - Ҳесус Валенсуэла (Венесуэла).

25 ноябр. Ал-Ҳавр. Варзишгоҳи «Ал-Байт».

Ҳоло дар ин гурӯҳ дастаи Англия бо чаҳор имтиёз дар ҷойи аввал аст. Эрон бо се имтиёз мақоми дуюмро касб кардааст. ИМА бо ду имтиёз дар ҷойи сеюм ва Уэлс бо як имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор доранд.

25-уми ноябр боз ду бозии даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи А баргузор шуд.

Гурӯҳи А

ҚАТАРСЕНЕГАЛ – 1:3

Голҳо: Диа, 41 (0:1); Дедю, 48 (0:2); М. Мунтарӣ, 79 (1:2); Дйенг, 84 (1:3)

Огоҳӣ: Исмоил Муҳаммад, 20, Ҳомам Аҳмад, 45, Ассим Мадибо, 91 - Исмоил Якобс, 52, Пате Сисс, 87.

Сардовар - Антонио Матеу Лаос (Испания).

25 ноябр. Давҳа. Варзишгоҳи «Ал-Тумама».

НИДЕРЛАНД – ЭКВАДОР – 1:1

Голҳо: Гакпо, 6 (1:0); Валенсия, 49 (1:1)

Огоҳӣ: Ҷегсон Мендес, 57 (Эквадор).

Сардовар - Мустафо Горбал (Алҷазоир).

25 ноябр. Ар-Райён. Варзишгоҳи «Халифа».

Дар гурӯҳи А Нидерланд ва Эквадор бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шудаанд. Сенегал се имтиёз гирифтааст. Қатар имтиёз надорад.

Ба ин тартиб, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то ҳоло аз 64 бозӣ 20-тоаш баргузор шуд. 13 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 7 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳамагӣ 49 гол зада шуд. То ҳоло ҳисоби рекордӣ дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардидааст – 7:0 ба фоидаи Испания.

Имрӯз, 26-уми ноябр, чаҳор бозӣ дар гурӯҳҳои С ва D баргузор мешавад:

15:00. Тунис - Австралия (Гурӯҳи D);

18:00. Полша – Арабистони Саудӣ (Гурӯҳи C);

21:00. Фаронса - Дания (Гурӯҳи D);

00:00. Аргентина - Мексика (Гурӯҳи C).

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат гирифтаанд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷадвали баргузории бозиҳо (ба вақти Душанбе):

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 0:0

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 3:2

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 1:3

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ − 18:00

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG