Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Уэлсро шикаст дод. Бархӯрд бо шиори "Зан. Зиндагӣ. Озодӣ"


Рӯзи шашуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар 25-уми ноябр бо бозии даври дуюм дар гурӯҳи В миёни дастаҳои мунтахаби миллии Уэлс ва Эрон оғоз ёфт.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Аҳмад бин Алӣ”-и шаҳри Ар-Райён доир гардид, бо бартарии комили футболбозони Эрон сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:0 ба нафъи тими намояндаи қораи Осиё анҷом пазируфт.

Ҳарду гол дар охири бозӣ, дар 9 дақиқаи изофа зада шуд. Голҳоро Рӯзбеш Чашмӣ (90+9) ва Ромин Ризоён (90+11) ба самар расонданд. Голи аввал аз масофаи тахминан 20 метр ва голи дувум аз ҷаримагоҳ зада шуд.

Дарвоқъ, дар дақиқаи 16-ум Алӣ Гулизода тӯби ба ӯ ирсолнамудаи Сардор Озмунро ба дарвозаи мунтахаби Уэлс ворид кард. Аммо VAR (video assistant referee) нишон дод, ки тӯб аз ҳолати нобозӣ ё офсайд зада шуд, бинобар ин, гол ба ҳисоб гирифта нашуд.

Дар нимаи дуюми бозӣ ду бор баъди зарбаҳои сахти пайиҳами Сардор Озмун ва Алӣ Гулизода тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Дар дақиқаи 86-ум дарвозабони мунтахаби Уэлс Уэйн Ҳеннеси, ки муқобили рақибаш хатар эҷод кард, аз майдон хориҷ шуд.

Пеш аз бозии дастаҳои Эрон ва Уэлс, амнияти варзишгоҳ аз дасти мухлисони эронӣ парчамро, ки дар рӯи он "Зан. Зиндагӣ. Озодӣ" навишта шуда буд, гирифт. Ӯ рамзи ҷунбиши эътирозӣ аст, ки пас аз марги донишҷӯи 22-солаи курд Маҳсо Аминӣ дар кишвар шиддат гирифтааст. Посбон бе тавзеҳоте парчамро аз дасти марди эронӣ кашида гирифта, бо худ бурд.

Футболбозони тими миллии Эрон ин дафъа суруди миллии кишварашонро пеш аз оғози бозӣ сароиданд. Ин дар ҳоле аст, ки бозигарони ин даста дар бозии гузашта бо дастаи Англия аз сароидани гимн худдорӣ карда буданд. Онҳо бо ин кор бо эътирозгарон дар Эрон ҳамраъйии худро нишон доданд. Дар ин кишвар моҳи дуюм аст, ки пас аз марги донишҷӯи 22-сола Маҳсо Аминӣ беназмиҳо, гирдиҳамоиҳо ва задухӯрдҳо идома доранд.

УЭЛС – ЭРОН – 0:2

Голҳо: Рӯзбеҳ Чашмӣ, 90+9 (0:1), Ромин Ризоён, 90+11 (0:2).

Ҳайатҳои дастаҳо:

Уэлс: Уэйн Ҳеннесси, Неко Уилямс, Бен Дэвис, Крис Мефам, Ҷо Родон, Гарри Уилсон (Даниэл Ҷеймс, 58), Аарон Рэмси, Гарет Бэйл, Киффер Мур, Коннор Робертс (Бреннан Ҷонсон, 57), Итан Ампаду (Ҷо Аллен, 78).

Сармураббӣ – Роберт Пейҷ

Эрон: Сайёд Ҳусейнӣ, Маҷид Ҳусейнӣ, Ромин Ризоён, Муртазо Пуралиганҷӣ, Милод Муҳаммадӣ, Эҳсон Ҳаҷсафӣ (Меҳдӣ Туробӣ, 77), Аҳмад Нуруллоҳӣ (Рӯзбеҳ Чашмӣ, 78) , Алӣ Гулизода (Алиризо Ҷаҳонбахш, 77), Сайид Иззатуллоҳӣ (Алӣ Каримӣ, 83), Сардор Озмун (Карим Ансорифард, 68), Маҳдӣ Торемӣ.

Сармураббӣ - Карлуш Мануэл Брито Леал Кейруш

Огоҳӣ: Ҷо Родон, 45+2, Ромин Ризоён, 90+5).

Корти сурх: Уэйн Ҳеннесси, 86.

Сардовар - Марио Эскобар (Гватемала).

Дар даври аввал Уэлс бозиро бо ИМА бо ҳисоби мусовии 1:1анҷом дода буд, Эрон бошад, аз мунтахаби Англия бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрда буд.

Бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи В миёни дастаҳои Англия ва ИМА дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Ал-Ҳавр 25-уми ноябр соати 00:00 шуруъ мешавад.

Ҳоло дар ин гурӯҳ дастаҳои Англия ва Эрон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Уэлс ва ИМА якимтиёзӣ доранд.

Имрӯз, 25 ноябр, боз се бозии дигари даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳҳои А ва В баргузор мешавад:

Гурӯҳи B:

Англия - ИМА

Сардовар - Хесус Валенсуэла (Венесуэла).

25 ноябр. Ал-Ҳавр. Варзишгоҳи «Ал-Байт». 00:00.

Гурӯҳи А:

Қатар - Сенегал

Сардовар - Антонио Матеу Лаос (Испания).

25 ноябр. Давҳа. Варзишгоҳи «Ал-Тумама». 18:00.

Нидерланд - Эквадор

Сардовар - Мустафо Горбал (Алҷазоир).

25 ноябр. Ар-Райён. Варзишгоҳи «Халифа». 21:00.

Ба ин тартиб, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то ҳоло аз 64 бозӣ 17-тоаш баргузор шуд. 12 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 5 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳамагӣ 43 гол зада шуд. Ҳисоби рекордӣ дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардид – 7:0 ба фоидаи Испания.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат гирифтаанд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Ҷадвали баргузории бозиҳо ба вақти Душанбе:

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 0:0

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 3:2

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 18:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ − 18:00

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG