Толибон рӯзи 23-юми ноябр дар варзишгоҳи вилояти Лугари Афғонистон 3 зан ва 9 мардро дар ҳузури садҳо нафар шаллоқ заданд.
Ин амал чун рамзи барқароршавии ҷазоҳои сахти солҳои навадуми қарни гузашта арзёбӣ мешавад.
Дар давраи аввали ҳукмронии Толибон аз соли 1996 то 2001 дар манотиқи зери раҳбарии ин гурӯҳ шаллоқзанӣ, сангсор ва эъдом дар мазҳари ом маъмул буд.
Идораи волии Лугар ба тамошои шаллоқзании ин афрод уламои шинохта, муҷоҳидин, пирони қабилаҳо ва мардуми маҳаллиро даъват карда буд
Гуфтугӯ