Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба сокинони осебдидаи Исфара ёрӣ фиристод. АКС


Акс аз сафорати Амрико
Акс аз сафорати Амрико

Иёлоти Муттаҳида ба садҳо сокини Исфараи Тоҷикистон, ки дар муноқишаи сарҳадии моҳи сентябр бо Қирғизистон осеб дидаанд, ёрӣ фиристод.

Сафорати Амрико рӯзи 24-уми ноябр гуфт, кумак аз "кату рахти хоб ва либоси зимистона" иборат аст. Ёриҳоро тавассути ҳавопаймои борбари ҳарбӣ расонданд.

“Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ашёро муҳим арзёбӣ кард,” -- гуфта шудааст дар хабарномаи сафорат.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар натиҷаи низоъ дар сарҳади Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо нафар кушта шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар муноқишаи охир дар сарҳад даҳҳо манзил вайрон ва даҳҳо оила овора шуданд.

Ҷониби Қирғизистон гуфт, дар муноқиша 321 манзил зарар дид.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамдигарро ба оғози муноқиша ва таҷовузи мусаллаҳона айбдор мекунанд. Ду тараф тақрибан ҳазор километр сарҳад доранд, вале қисме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG