Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо Русияро кишвари "ҳомии терроризм" эълон кард


Порлумони Аврупо рӯзи 23-юми ноябр бо қабули қатъномае Русияро кишвари "пуштибони терроризм" эътироф кард. 494 вакил аз қатънома ҳимоят карда, 57 нафар раъйи мухолиф доданд. 44 вакил аз раъй додан худдорӣ намудаанд.

Бар асоси қатънома, сабаби қарор гирифтани Русия дар рӯйхати кишварҳои пуштибони терроризм, ҳамлаҳои ин кишвар ба маконҳои ғайринизомӣ, монанди зерсохторҳои энержӣ, бемористонҳо, мактабҳо ва паноҳгоҳҳо дар Украина аст.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, қатънома ҷанбаи рамзӣ ё намодин дорад. Бо вуҷуди ин, порлумони Аврупо дар баёнияи худ аз кишварҳои узв хостааст, бо қарор додани Русия дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ дар порлумонҳои 28 кишвари узв, чорчӯби қонунӣ барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо бар Русия фароҳам шавад.

"Аз онҷо, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли ҳозир наметавонад ба таври расмӣ кишварҳоро ба унвони пуштибони терроризм муаррифӣ кунад, порлумон аз Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он мехоҳад, ки чаҳорчуби қонунии муносиберо эҷод кунанд ва изофа кардани Русияро ба чунин феҳристе баррасӣ намоянд".

То ба ҳол танҳо чаҳор кишвар -- Лаҳистон, Латвия, Литва ва Эстония Русияро дар феҳристи кишварҳои пуштибони терроризм ворид кардаанд.

Дар вокуниш ба қарор додани Русия дар феҳристи кишварҳои пуштибони терроризм аз сӯи Порлумони Аврупо, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия бо нашри паёме дар "Телеграм" эълон кард, "пешниҳод мекунам Порлумони Аврупо ба унвони ҳомии аҳмақҳо муаррифӣ шавад".

Дар ҳамин ҳол, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, ки борҳо хостори қарор гирифтани Русия дар рӯйхати кишварҳои пуштибони терроризм дар Ғарб шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе бо нашри паёме дар "Твиттер" аз ин тасмими Порлумони Аврупо ҳимоят кард ва гуфт, "Русия бояд дар ҳама сатҳҳо ба ҳошия ронда шавад ва посухгӯ бошад, то ба сиёсати деринаи терроризми худ дар Украина ва саросари дунё поён диҳад".

Ҳукумати Амрико ҳанӯз Русияро дар рӯйхати кишварҳои ҳомии терроризм қарор надодааст.

Бар хилофи Иттиҳоди Аврупо, чорчубаи қонунӣ барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо алайҳи кишварҳои пуштибони терроризм дар Амрико вуҷуд дорад. Ин кишвар то кунун режимҳои Эрон, Куба, Кореяи Шимол ва Сурияро дар феҳристи кишварҳои ҳомии терроризм қарор дода ва содироти аслиҳа аз сӯи онҳоро маҳдуд кардааст.

Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина, Иттиҳоди Аврупо таҳримҳоеро алайҳи Маскав ҷорӣ карда, беш аз ҳазор шаҳрванд ва мақомҳои русиро дар листи таҳримҳо қарор додааст.

Дар қатъномаи Иттиҳоди Аврупо гуфта мешавад, ки Русия муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудааст ва аз "абзорҳои терроризм" истифода мекунад ва бояд бастаи нуҳуми таҳримҳо алайҳи Русия такмил ва амалӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Порлумони Аврупо аз Шӯрои Аврупо хостаанд, ки созмонҳои ниманизомии "Вагнер" ва воҳиди "Қодировҳо" ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ниманизомиро, ки зери ҳимоя Русия ҳастанд, дар рӯйхати сиёҳи Аврупо ҷой диҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG